Табибони русиягӣ ба ҳамтоёни тоҷики худ усулҳои нави ташхисро меомӯзонанд

© Sputnik / Антон Вергун / Гузариш ба медиабонкОперация по лечению аритмии с использованием метода криоаблации
Операция по лечению аритмии с использованием метода криоаблации - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.05.2022
Обуна шудан
Табибони русиягӣ бо ҳамтоёни тоҷики худ дар самти усули нави ташхис, бавижа барои пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ табодули таҷриба мекунанд
ДУШАНБЕ, 24 май — Sputnik. Пизишкони русиягӣ аз шаҳри Санкт-Петербург ба Душанбе омада, бо ҳамтоёни тоҷики худ доир ба самтҳои гуногуни соҳаи тандурустӣ табодули таҷриба менамоянд.
Табибони рус хосатан дар самти пешгирии бемориҳои сироятӣ ва ҷорӣ намудани усулҳои нави ташхис ва табобат бо ҳамкорони тоҷикистонии худ табодули таҷриба менамоянд.
Дар ин бора хадамоти матбуотии Вазорати танурустии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Гуфта мешавад, ки ҳамчунин дар доираи сафари хеш мутахассисони соҳаи тибби шаҳри Санкт-Петербург аз як қатор муассисаҳои тандурустии шаҳри Душанбе дидан хоҳанд кард.
XIV Евразийский экономический форум в Вероне - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.04.2022
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Дар Русия тести беназир барои COVID пайдо шуд
Ҳамчунин дар чорчӯби ин сафар табибон рус, ки таҳти раҳбарии ноиби губернатори шаҳри Санкт-Петербург Олег Эргашев Николаевич ба Тоҷикистон омадаанд, бо вазири тандурустии кишвар Ҷамолиддин Абдуллозода дидору мулқоот кардаанд.
Абдуллозода дар ин суҳбат аз ҳамкориҳои мутақобилан судманди ду кишвар дар соҳаи тандурустӣ изҳори қаноатмандӣ намудааст.
Дар идомаи мулоқот ҷонибҳо дар бораи густариши ҳамкориҳои вазорат бо муассисаҳои тандурустии шаҳри Санкт-Петербурги Русия мубодилаи афкор намудаанд.
Лентаи хабарҳо
0