Садамаи маргбори автобус дар роҳи Макка: 20 нафар ҳалокат шуд

© AFP 2023Саудовская Аравия принимает сокращенный хадж
Саудовская Аравия принимает сокращенный хадж  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.03.2023
Обуна шудан
Мақомоти марбутаи Тоҷикистон ҳоло дақиқ мекунанд, ки миёни захмиёну ҳалокшудагони садама дар Арабистон зоирини тоҷик ҳастанд ва ё на
ДУШАНБЕ, 28 мар – Sputnik. Дар Арабистони Саудӣ автобусе бо зоирон, ки ба сӯи Макка мерафтанд, ба садама дучор шуд.
Хабаргузории ArabNews гузориш медиҳад, ки дар натиҷаи ин ҳодиса 20 нафар кушта ва 29 тани дигар захмӣ шудаанд.
Гуфта мешавад, ки фоҷиа рӯзи 27 март тахминан соати 16:00 дар вилояти Асир рух додааст. Автобус бо ҳоҷиён аз Хамис Мушаит баромада, ба сӯи Абҳо ҳаракат мекард.
Тибқи баъзе хабарҳо, сабаби садама корношоямии системаи тормози нақлиёт будааст, ки дар натиҷа ронанда идораро аз даст дода, ба девори пул бархӯрдааст ва дар натиҷа автобус чаппа шуда, оташ гирифтааст.
Дар ҳамин ҳол аз Кумитаи дини Тоҷикистон ба Sputnik Тоҷикистон гуфтанд, дар ҳоли ҳозир дақиқ мекуннад, ки шаҳрвандони кишвар дар ин садама буданд ва ё над.
Дар ҳамин ҳол ин ниҳод мегӯяд, шаҳрвандони кишвар барои расдиан ба Макка одатан роҳи ҳавоиро интихоб мекунанд.
Ба гузориши шабакаи телевизионии Al Arabiya, тамоми роҳҳо ба сӯи Ақабат-Шаър баста шуда, то дастаҳои наҷот ва Ҳилоли Аҳмар ба маҳалли ҳодиса бирасанд.
Нашрия бо такя ба манобеъаш менависад, мумкин аст, шумори қурбониён афзоиш ёбад. Дар миёни зоирон шаҳрвандони Арабистони Саудӣ ва сокинони кишварҳои дигар низ буданд.
Лентаи хабарҳо
0