Ҷамъбасти 3 озмун дар Вазорати нақлиёт: Киҳо баранда шуданд?

© Sputnik / Амир Исаев / Гузариш ба медиабонкДорога в скалистой местности Таджикистана, архивное фото
Дорога в скалистой местности Таджикистана, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.04.2023
Обуна шудан
Озмунҳои "Роҳҳои ободи байни деҳот", "Ҳамкорӣ бо мақомотҳои иҷроияи ҳокимияти давлатӣ" ва "Беҳтарин муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳо" ҷамъбаст гардиданд
ДУШАНБЕ, 17 апр — Sputnik. Дар озмуни "Роҳҳои ободи байни деҳот" аз рӯи мумфарш намудани роҳҳо ҷои аввалро муассисаҳои нигоҳдории роҳҳои ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров бо нишондиҳандаи 49 км ва Данғара - 32,5 км ғолиб шуданд.
Ба иттилои Вазорати нақлиёт, аз рӯи ободии роҳҳои байни деҳот, ҷои дуюмро муассисаҳои нигоҳдории роҳҳои ноҳияи Ёвон (қариб 26 км) ва шаҳри Турсунзода (22 км) ва ҷои сеюмро муассисаи ноҳияи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ (18 км) ишғол намуданд.
Дар озмуни "Ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо", талаботи озмун ворид намудани маблағи бештар ба буҷа будаст.
Аз рӯи ин бахш ду ҷои аввал насиби МДНРА шаҳрҳои Ваҳдат (беш аз 3 млн сомонӣ) ва Турсунзода (1,6 млн ҳазор сомонӣ) шудааст.
Природа в Таджикистане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.04.2023
Дар Кӯшониён 60 дарсади роҳҳо таъмирталабанд
Муассисаи нигоҳдории роҳҳои ноҳияи Ҷайҳун (566 ҳазор сомонӣ) ва ноҳияи Балҷувон (320 ҳазор сомонӣ) ҷои сеюмро гирифтаанд.
Вазорати нақлиёти Тоҷикистон ҳамчунин натиҷаи озмуни "Муассисаи беҳтарини нигоҳдории роҳҳо"-ро эълон намуд.
Дар ин бахш ҷои якум насиби муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳияи Мурғоб шудааст. Ҷои дуюмро муассисаҳои нигоҳдории роҳҳҳои ноҳияҳои Файзобод ва Фархор соҳиб шудаанд.
Муассисаҳои нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳияи Рашт ва шаҳри Исфара дар зинаи сеюми беҳтаринҳо қарор гирифтаанд.
Лентаи хабарҳо
0