Пирӯзии Хоҷазода дар даври аввали чемпионати ҷаҳон

© Федерация дзюдо ТаджикистанаДзюдоист Бехруз Ходжазода
Дзюдоист Бехруз Ходжазода - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.05.2023
Обуна шудан
Дар чемпионати ҷаҳон дар риштаи ҷудо дар пойтахти Қатар аллакай ду паҳлавони тоҷик аз ҳаққи идомаи сабқат маҳрум гардида, боқимонда нерӯсанҷӣ доранд
ДУШАНБЕ, 9 май — Sputnik. Рӯзи сеюми чемпионати ҷаҳони ҷудо дар Доҳа бо нерӯсанҷиҳо дар вазнҳои то 57 кило миёни занон ва 73 кило миёни мардон мегузарад.
Ба иттилои Федератсияи ҷудои Тоҷикистон, дар вар вазни то 73 кг Тоҷикистонро Беҳрӯз Хоҷазода муарифӣ мекунад, ки аллакай дар даври аввал бар ҷудокори кубагӣ Магдиелом Эстрада пирӯз шуд.
Хоҷазода бо як вазарӣ соҳиби роҳхат ба даври дуюм шуд. Рақиби навбатии паҳлавони тоҷик ҷудокори италиявӣ Ҷованни Эспосито мебошад.
Рӯзе қабл паҳлавонони дигари тоҷик, Эмомалии Нуралӣ дар даври аввал бо намояндаи Сербия ва ҷудокори дигари тоҷик Шаҳбоз Саидаброров бо намояндаи АМА дар даври аввал нерӯсанҷӣ карда пирӯз шуданд.
Факелы с Олимпийским огнём во время эстафеты Олимпийского огня - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.05.2023
Тоҷикистон тимашро ба Бозиҳои дуюми ИДМ мефиристад
Аммо дар давраҳои баъдӣ натавонистанд, ба муваффақият ноил шаванд ва аз ҳаққи идомаи сабқат маҳрум гардиданд.
Маврид ба зикр аст, ки қаҳрамонии ҷаҳонии ҷудо аз 7 то 13 май дар шаҳри Доҳаи Қатар баргузор мешавад. Тибқи низомнома дар ин мусобиқа ҷудокороне ширкат мекунанд, ки дар радабандии ҷаҳонӣ дар 100-гона мавқеъ дошта бошанд.
Бар асоси қуръакашиҳо, Сомон Маҳмадбеков бо намояндаи Доминик мубориза мебарад. Шодмон Ризоев бо ҷудокори араб ва Комроншоҳи Устопириён бо намояндаи Зеландияи Нав қувва меозмоянд.
Дар идома, Ҷаҳонгир Маҷидов бо намояндаи Миср ва ҷудокори сангинвазни тоҷик Темур Раҳимов рақобатро аз даври дуюм оғоз мекунад. Ҳарифи ӯ намояндаи Гвения хоҳад буд.
Лентаи хабарҳо
0