Дар ноҳияи Вахш то соли 2026-ум 24 корхона бунёд мешавад

© Пресс-служба города ИсфараСтроитель строит новый дом взамен разрушенного в результате конфликта на таджикско-кыргызской границе
Строитель строит новый дом взамен разрушенного в результате конфликта на таджикско-кыргызской границе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.06.2023
Обуна шудан
Мақомоти ноҳияи Вахш ахиран элон кардааст, ки то се соли оянда дар ноҳия 24 коргоҳӣ саноатӣ бунёд мешавад, ки дар он сокинони маҳаллӣ ба ҷои кор таъмин мешаванд
ДУШАНБЕ, 18 июн — Sputnik. Дар ноҳияи Вахши вилояти Хатлон то ҷашни 35-солагии истиқлоли давлатии кишвар бунёди 24 коргоҳу корхонаи саноатӣ ба нақша гирифта шудаст.
Ба иттилои манбаъ, азимтарини корхонаҳое, ки бояд сохта шавад корхонаи насоҷӣ аст, ки баъди ба истифода додани он 480 кас бо ҷойи кор таъмин мешаванд.
Тибқи иттилои манбаъ, сармеъмори бахши меъморӣ ва шаҳрсозии ноҳияи мазкур Фарҳод Тағоев гуфт, ҳоло дар 12 иншоот корҳои сохтмонӣ оғоз шудаву дар 5 корхонаи дигар корҳои сохтмонӣ дар арафаи анҷомёбӣ мебошанд.
Иттилоъ дода шуд, ки аз ҷониби соҳибкор Бароталӣ Юсупов сохтмони корхонаи нассоҷӣ ба охир расида, рӯзҳои наздик ба истифода дода мешавад.
Шералӣ Кабир - вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон дар Маскав - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.01.2023
Баҳои Раҳмон ба кори вазорати саноат ва дастур ба Шералӣ Кабир
Корхонаи мазкур бо харҷи 10 миллион доллар бунёд ва бо таҷҳизоти муосир муҷаҳҳаз гардидааст.
Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар Тоҷикистон давоми соли 2022 ба 43 млрд сомонӣ баробар шудааст, ки нисбати нишондоди соли қаблӣ наздики 6 млрд сомонӣ бештар мебошад.
Ба иттилои мақомоти тоҷик, рушди соҳаи саноати Тоҷикистон бе назардошти бахши энергетика ба андозаи 20% ва бо назардошти ин бахш беш аз 15% таъмин шуд.
Тибқи маълумоти оморӣ, баландтарин нишондиҳандаҳои тавлидоти саноатӣ ба шимоли кишвар рост омада, аз нисф зиёди колои саноатӣ дар вилояти Суғд истеҳсол шудааст.
Лентаи хабарҳо
0