Ифтитоҳи бинои нави маркази табобатӣ дар Мастчоҳ

© Sputnik / Варвара Гертье / Гузариш ба медиабонкХирурги на операции, архивное фото
Хирурги на операции, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.07.2023
Обуна шудан
Дар маҷмуъ маркази ташхисию табобатии "Сино" дар ноҳияи Мастчоҳ беш аз 100 нафар, аз ҷумла хатмкунандагони коллеҷу донишгоҳҳои тиббиро бо кор фаро гирифтаст
ДУШАНБЕ, 7 июл — Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ дар ноҳияи Мастчоҳ ба фаъолияти бинои нави иловагии Маркази ташхисию табобатии "Сино" оғоз бахшид.
Ба иттилои дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон, бинои Маркази ташхисию табобатии “Сино” дар деҳоти Мастчоҳи ноҳияи Мастчоҳ бунёд шуда, аз 3 ошёна иборат мебошад.
Иттилоъ дода шудааст, ки бинои нав барои табобат ва истироҳати то 40 нафар дар як вақт шароити зарурӣ фароҳам оварда шудааст.
"Баҳри ташхиси дақиқ ва табобати саривақтии шаҳрвандон 5 намуди таҷҳизоти навӣ тиббӣ, амсоли рентгени рақамӣ, ташхиси ултрасадо, дастгоҳи автоматии ташхиси умумии ва дигар таҷҳизоту воситаҳои муосири тиббӣ харидорӣ гардид", - омадааст дар итттилоия.
Вазири тандурустӣ шахсан аз аҳволи беморхонаҳои чаҳор ноҳияи Суғд хабар гирифт - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.06.2023
Вазири тандурустӣ шахсан аз аҳволи беморхонаҳои чаҳор ноҳияи Суғд хабар гирифт
Илова гардидаст, ки бо бунёд ва мавриди истифода қарор додани бинои иловагӣ 12 нафар мутахассиси соҳаи тиб, дар маҷмӯъ беш аз 100 нафар, аз ҷумла хатмкунандагони коллеҷу Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон бо кор таъмин шуданд.
Маркази “Сино” дар ноҳияи Мастчоҳ бо усулҳои маъмули тиббӣ, табиатшифоӣ, сӯзандармонӣ, маҳси дастии барқӣ, лазерӣ табобат роҳандозӣ кардааст.
фта, ташхису табобати бемориҳои системаи ҳаракату такягоҳ, асаб, амрози дарунӣ дар умум 25 номгӯи табобат анҷом дода мешавад.
Раисҷумҳури Тоҷикистон зимни суҳбат бо кормандони маркази “Сино” барои истифода аз имконият, муоширати хуб бо истироҳаткунандагон ва ҷалби мутахассисони ҷавони соҳаи тиб ба кор дастур додаст.
Дафтари матбуоти президенти Тоҷикистон мегӯяд, муссиси ин маркази ташхисию табобатӣ Боймаҳмад Султонов иқдом намуд, ки баҳри таъмини талаботи аҳолӣ бо бунёди бинои нав фаъолиятро васеъ намояд.
Лентаи хабарҳо
0