Партоби навбатии мушаки баллистикии Кореяи Шимолӣ ва эътирози Ҷопон

© AP / Korean Central News Agency/Korea News ServiceЗапуск межконтинентальной баллистической ракеты в КНДР. Архивное фото
Запуск межконтинентальной баллистической ракеты в КНДР. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.07.2023
Обуна шудан
Кореяи Шимолӣ озмоиши навбатии мушакҳои баллистикиро анҷом дод, ки якеаш берун аз минтақаи истисноии иқтисодии Ҷопон ба уқёнус афтод
ДУШАНБЕ, 12 июл — Sputnik. Кореяи Шимолӣ як мушаки баллистикии байниқитъавиро партоб кард.
Дар ин бора котиби генералии кабинети вазирони Ҷопон, Хироказу Матсуно зимни нишасти изтирории матбуотӣ дар Токио хабар дод.
Гуфта мешавад, ки баландии ҳадди аксари парвози он мушак 6 ҳазор километр буда, масофаи тақрибан 1 ҳазор километрро тай кардааст. Замони партоби мушаки Кореяи Шимолӣ соати 9:59-и 12 июл бо вақти маҳаллӣ 03:59 бо вақти Маскав нишон дода шудааст.
Праздничные мероприятия, посвященные 105-й годовщине со дня рождения Ким Ир Сена, в КНДР - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.05.2023
Аз Кореяи Шимолӣ хостанд, моҳвораашро ба кайҳон набарорад
"Кореяи Шимолӣ аз як минтақаи наздикии Пхенян ба самти шарқӣ мушаки баллистикиро партоб кард. Он 74 дақиқа дар ҳаво буд ва 250 километр аз Ҳоккайдо берун аз минтақаи истисноии иқтисодии Ҷопон дар баҳри Ҷопон афтод", - гуфт Матсуно.
Вай тавзеҳ дод, ки дар ҳоли ҳозир хисорот дар иртибот ба партоби мушак сабт нашудааст. Ин 12-умин чунин партоби мушак дар соли ҷорӣ арзёбӣ мегардад.
Дар зимн аз 15 июн ба ин сӯ якумин партоби мушаки баллистикии Кореяи Шимолӣ ба шумор меравад. Он замон Пхенян ду мушаки фосилаи парвозашон кӯтоҳро партоб кард.
Куриёи Шимолӣ соли гузашта 37 маротиба чунин партоби мушакҳоро анҷом дод, ки пайваста мояи нигаронии Кореяи ҷанубӣ ва Ҷопон мегарданд. Ин дафъа низ Ҷопон дар посух ба партоби мушаки баллистикӣ ба Кореяи Шимолӣ эътироз кард.
Лентаи хабарҳо
0