Макотиби Душанбе ба пардохти ғайринақдӣ мегузаранд

© Sputnik / Александр КряжевПлатежный терминал для банковской карты, архивное фото
Платежный терминал для банковской карты, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.07.2023
Обуна шудан
Ноиби вазири маориф ва илми Тоҷикистон пардохти пули китобҳои дарсии хонандагонии макотибро ба таври ғайринақдӣ тақозои замон арзёбӣ кард
ДУШАНБЕ, 19 июл — Sputnik. Шакли ғайринақдии пардохт аз моҳи август дар тамоми муассисаҳои таълимии пойтахти Тоҷикистон ҷорӣ мешавад.
Ба иттилои Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон волидони хонандагон имкон хоҳанд дошт, ки маблағи китобҳои дарсӣ дар муассисаҳои таълимии пойтахтро ба таври ғайринақдӣ пардохт намоянд.
Манбаъ афзуд, ки масъалаи мазкур дар ҷаласаи гурӯҳи кории машваратӣ оид ба механизми ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ дар самти ҷамъоварӣ намудани маблағҳои китобҳои дарсӣ баррасӣ шуд.
Муовини вазири маориф ва илм, Баҳром Исмоилзода, Дилшод Сафарзода ҳамроҳ бо сардорони бахши маориф, мудирони макотиб ва намояндагони ташкилотҳои амонативу қарзӣ масъалаи мазкурро баррасӣ намудаст.
Банковская карта - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.07.2023
Оғози корҳои фаҳмондадиҳӣ барои гузариш ба пардохтҳои ғайринақдӣ дар Тоҷикистон
Дар Тоҷикистон бо фармони президент аз 1 августи соли 2023 пардохти тамоми хизматрасониҳои муздноки давлатӣ тариқи ғайринақдӣ амалӣ карда мешаванд.
Ахиран Бонки миллӣ аз корхонаю шаҳрвандони Тоҷикистон хост, барои гузаштан ба пардохтҳои ғайринақдӣ омода бошад.
Шахсони ҳуқуқӣ, соҳибкорони инфиродӣ ва хоҷагиҳои деҳқониро зарур аст, ки барои анҷом додани пардохтҳои ғайринақдии хизматрасониҳои давлатӣ аз суратҳисоби бонкӣ истифода намоянд, гуфт ин ниҳод.
Аҳолӣ метавонанд аз кортҳои пардохтии бонкӣ, ҳамёнҳои электронӣ, барномаҳои мобилӣ ва Интернет- бонкинг, POS терминалҳо ва QR-рамзҳо истифода намоянд, омадааст дар иттилоия.
Лентаи хабарҳо
0