Андӯҳи Раҳмон аз даргузашти бародари президенти Амороти Муттаҳидаи Араб

© POOL / Гузариш ба медиабонкПрезидент Таджикистана Эмомали Рахмон
Президент Таджикистана Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 31.07.2023
Обуна шудан
Раисҷумҳури Тоҷикистон ба президенти Амороти Муттаҳидаи Араб вобаста ба марги бародараш барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуд
ДУШАНБЕ, 31 июл — Sputnik. Кишвардори Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ҳамтоаш аз Амороти Муттаҳидаи Араб Шайх Муҳаммад ибни Зоид Оли Наҳён барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуд.
Дар ин бора дафтари матбуоти раисҷумҳури кишвар хабар додааст.
Раисҷумҳури Тоҷикистон дар барқияи худ навиштааст, ки хабари марги бародари Президенти АМА ӯро сат андӯҳгин кардааст.
“Хабари даргузашти бародаратон Шайх Саид ибни Зоид Оли Наҳён боиси ғояти ҳузну андӯҳи мо гардид”, - қайд кардааст Раҳмон.
Раисҷумҳури кишвар вобаста ба ин талафоти гарон ба кишвардори АМА ва ҳамаи наздикону пайвандонатон таъзияву таслияти сидқии иброз намудааст.
Зиёрати қиблаи мусулмонон - Каъбатуллоҳ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.07.2023
Раҳмон бори панҷум хонаи Худоро зиёрат кард: Ҳаҷҷи президент чӣ гуна гузашт – видео
"Аз даргоҳи Худованди бузург сабри ҷамил масъалат дорам. Парвардигор марҳуми олиқадрро шоистаи раҳмат ва ҷояшро ҷаннат гардонад. Инно лиллоҳи ва инно илайҳи роҷиъун”, - навиштааст раҳбари Тоҷикистон.
Ёдовар мешавем, ки чанде пеш расонаҳо дар бораи марги Саид бин Зайд Оли Наҳаён бародари хурдии раисиҷумҳури Амороти Муттаҳидаи Араб хабар доданд.
Ба иттилои расонаҳо ӯ бар асари мушкилоти саломатӣ аз олам чашм пӯшид.
Дар робита ба ин ҳодиса дар кишвар мотами серӯза эълон шуда буд.
Лентаи хабарҳо
0