Беҳрӯз Хоҷазода ба финали "Hungary Masters - 2023" роҳ ёфт - видео

© Национальный олимпийский комитет РТ Таджикский атлет Бехруз Ходжазода выиграл серебряную медаль Гран-При Ташкента по дзюдо
 Таджикский атлет Бехруз Ходжазода выиграл серебряную медаль Гран-При Ташкента по дзюдо - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.08.2023
Обуна шудан
Паҳлавони тоҷик дар даври аввал озоду буд ва дар марҳилаҳи баъдӣ рақибонашро бо маҳорати баланд шикаст дода ба даври ниҳоӣ гузашт
ДУШАНБЕ, 5 авг — Sputnik. Беҳрӯз Хоҷазода ҳарифонашро яке паси дигаре мағлуб карда, ба даври ниҳоии "Hungary Masters - 2023" роҳ ёфт, хабар медиҳад Федератсияи ҷудои кишвар.
Ҷудокори тоҷик дар даври якум озод буд ва дар марҳилаи дуввум ҷудокори итолиёвӣ Мануел Ломбардоро шикаст дод.
Дар марҳилаи сеюм ҳарифи паҳлавони тоҷик намояндаи кишвари мизбон - Маҷористон Даниэл Сзегедӣ буд.
Беҳрӯз тавонист ҷудокори кишвари мизбонро низ мағлуб карда ба даври чорякниҳоӣ даст ёбад.
Дар ин давр паҳлавони тоҷик қаҳрамонии феълии қаҳон дар вазни 73 кило намояндаи Швейтсария Нил Штампро шикаст дода ба даври ниманиҳоӣ гузашт. Дар даври ниманиҳоӣ ӯ ҷудокори гурҷӣ Терашвили Георгиро шикаст дод.
Бояд гуфт рӯзи аввали "Hungry Masters -2023" барои ду варзишкори тоҷик Эмомалӣ Нуралӣ ва Обид Ҷебов бенатиҷа анҷом ёфт.
Рӯзи аввали "Hungary Masters-2023" барои ҷудокорони тоҷик бенишон анҷом ёфт
Намояндагони дигари Тоҷикистон дар рӯзҳои баъдӣ вориди рақобат хоҳанд шуд. Комроншоҳи Устопириён дар вазни то 90 кг бо паҳлавони нидерландӣ Ноэла Ван Т'Энда ва Темур Раҳимов (+100 кг) бо ғолиби рақобати ҷудоркори озарӣ Ҷамол Гамзатханов ва паҳлавони нидерландӣ Йелле Снипп зӯр меозмояд.
Ёдрас мешавем, ки мусобиқаи Hungary Masters - 2023 рӯзҳои 6 - 8 август дар шаҳри Будапешти Маҷористон давом хоҳад кард. Бунёди ҷоизаи мусобиқаи байналмилалии мазкур наздики 200 ҳазор евро арзёбӣ мешавад.
Лентаи хабарҳо
0