Вазири тандурустӣ ҳоли маҷрӯҳони садамаи пурқурбонӣ дар Кӯлобро шарҳ дод

© Foto / Хадамоти матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ТоҷикистонДжамолиддин Абдуллозода министр здравоохранения РТ
Джамолиддин Абдуллозода министр здравоохранения РТ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.08.2023
Обуна шудан
Вазири тандурустии кишвар ахиран аз вазъи захмиёни садамаи нақлиётии шаҳри Кӯлоб ва чанд нафар ба ҳалокат расид маълумот дод
ДУШАНБЕ, 10 авг — Sputnik. Дар ҳоли ҳозир бемористони шаҳри Кӯлоб 12 нафар пас аз сар задани садамаи магбор бистарӣ шуданд, гуфт вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода зимни нишасти матбуотӣ.

“Шаш нафар дар шӯъбаи умумӣ ва 6 тани дигар дар шуъбаи эҳёгарӣ қарор доранд”- тавзеҳ дод вазир.

Вазир гуфт, аз шаш нафари дар шуъбаи эҳёгарӣ бистарибуда, вазъи се тан ниҳоят вазнин буд ва табибон натавонистанд ҷони ду нафарро наҷот диҳанд.
Ҳоло дар ин шуъба 4 бемор бистариянд ва вазъи яке аз онҳо ниҳоят вазнин аст.
Вазири тандурустии кишвар таъкид кард, ки бар асари ин садамаи мудҳиш 10 кушта шудааст.
Эмомалӣ РАҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.08.2023
Ҳамдардии Эмомалӣ Раҳмон ба хонаводаҳои қурбониёни садама дар Кӯлоб
Ёдовар мешавем, ки рӯзи 6-уми августи соли 2023 соатҳои 19 ба 20-и шом дар шаҳри Кӯлоб садамаи нақлиётӣ рух дод.
Автомашинаи боркаши тамғаи “Дулан” ба садамаи мудҳиш дучор шуд. Дар ин садама 23 нафар куштаву захиӣ ба қайд гирифта шуд.
Аз ҷумла, ба иттилои Раёсати тандурустии вилояти Хатлон дар ин ҳодиса 10 нафар фавтида ва 13 нафар ҷароҳати гуногуни ҷисмонӣ бардоштаанд.
Чанде пеш Президенти Тоҷикистон ба хонаводаҳои ҳалокшудагон дар садамаи пурқурбонии Кӯлоб изҳори ҳамдардии амиқ карда, ба захмиён шифои оҷил орзу намуд.
Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон хостори тадбирҳои фаврӣ барои кумаки моддӣ ба хонаводаҳои ҳалокшудагон, табобати захмбардоштагон ва барқарор намудани хонаҳои зарардида дар садамаи Кӯлоб шуд.
Ахиран хабар расид, ки ҳукумати Тоҷикистон ба афроде, ки худравҳояшон зимни садамаи мудҳиши нақлиётӣ дар Кӯлоб зарар дид, мошинҳои нав ҳадя кардааст.
ДТП в Кулябе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.08.2023
Ба ронандагоне, ки дар садамаи Кӯлоб худравҳояшон зарар дид, мошинҳои нав доданд
Ба маълумоти манбаъ, 7 нафар аз зарардидагон имрӯз 9 август пеш аз зӯҳр соҳиби мошин нав гардиданд.
Дар мавриди сохтмони хонаҳои зарардида бошад, намояндаи мақомоти маҳаллӣ гуфт, ки он рӯзҳои наздик оғоз хоҳад шуд.
Лентаи хабарҳо
0