Шаҳрдорӣ гуфт, аз кадом кишварҳо ба Душанбе маҳсулоти ғизоӣ ворид мешавад

© © Sputnik / Амир ИсаевПродукты питания российского производства
Продукты питания российского производства - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.08.2023
Обуна шудан
Шаҳрдории Душанбе эълон кардааст, ки Русия, Қазоқистон, Белорус ва Ҳиндустон харид ва воридоти маҳсулотҳо ба роҳ монда шудааст
ДУШАНБЕ, 13 авг — Sputnik. Дар доираи шартномаҳои басташуда бо ширкатҳои тиҷоратии давлатҳои Русия, Қазоқистон, Белорус ва Ҳиндустон харид ва воридоти маҳсулотҳо ба роҳ монда шудааст, иттилоъ додааст шаҳрдорӣ Душанбе.
Ба иттилои манбаъ, аз ҷумла аз ин кишварҳо шакар, равғани растанӣ, орд, гандум, биринҷ ва гӯшти гов ворид мешавад.
Шаҳрдорӣ мегӯяд маҳсулотҳои воридшуда барои таъмини талаботи истеъмолкунандагон тавассути бозорҳои пойтахт ба фурӯш гузошта мешаванд.
Ҳамчунин ба иттилои манбаъ, бо мақсади ғанӣ гардонидани бозорҳо бо маҳсулоти кишоварзию агросаноатӣ ва таъмин намудани шаҳрвандони пойтахт бо молу маҳсулоти ниёзи аввалия, айни замон 39 адад сардхона бо масоҳати 24,1 ҳазор метри мураббаъ ва бо ғунҷоиши 40,3 ҳазор тонна маҳсулот фаъолият намуда истодаанд, ки айни ҳол 5,8 ҳазор тонна маҳсулоти агросаноатию кишоварзӣ захира карда шудааст.
Выставка овощей и фруктов - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.08.2023
Аз пиёз то гӯшту тухм: хоҷагидорони Ёвон ба Душанбе арзонӣ оварданд
Ҳамзамон ба иттилои шаҳрдорӣ барои пешгирии болоравии нарх ва ғанӣ гардонидани бозорҳои истеъмолии ҳудуди шаҳр бо маҳсулоти гӯштӣ аз ҷониби мақомот ва соҳибкорони ватанӣ дар ин давра дар маҷмӯъ ба миқдори 256 тонна бо нархи нисбатан арзон пешкаши харидорон гардонида шудааст.
Инчунин шаҳрдорӣ афзуд, ки дар анборҳояш маҳсулотҳои ниёзи аввалияро, аз қабили картошка – 5 ҳаз тонна, пиёз – 7 ҳаз тонна, сабзӣ – ҳазор тонна, шакар – ду ҳаз тонна, равғани растанӣ - 500 тонна, орд – се ҳазор тонна, гандум – 6 ҳаз тонна ва биринҷ - 100 тонна захира намояд.
Қайд карда шудааст, ки захиранамоии маҳсулоти болозикр аз моҳҳои сентябр – ноябри соли ҷорӣ оғоз мегарданд.
Лентаи хабарҳо
0