"Зебогии бесифат": Дар Суғд даҳҳо тон маводи ороишию гигиениро нобуд карданд

© AFP 2023 / Farzana WahidyЗани афғон ҳангоми ороиши худ, акс аз бойгонӣ
Зани афғон ҳангоми ороиши худ, акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.08.2023
Обуна шудан
Маводи ороишии мусодирашуда аз 1,4 млн адад иборат буда, бинобар пастсифат ва барои саломатӣ зараровар буданашон несту нобуд карда шудааст
ДУШАНБЕ, 14 авг – Sputnik. Дар вилояти Суғд тайи нимсолаи аввали соли равон садҳо номгӯи маҳсулоти ороишию гигиенӣ ба маблағи умумии 48 млн. сомонӣ мусодира гардидаст.
Дар ин бора сардори раёсати Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Илҳом Пӯлотзода зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.

"Дар ин давра миқдори бори мусодирашуда 793 номгуй ва 1,4 млн адад маводи ороишиву гигиениро ташкил мекунад, ки дар умум вазни ҳамаи онҳо ба 55 тон баробар мебошад" - гуфт Пӯлотзода.

Ин манбаъ намуд, ки ҳамаи бори ошкоршуда бинобар бесифат ва ба саломатӣ зараровар буданаш нобуд карда шудааст.
Вай афзуд, ки дар ин давра 3 номгуй доруворӣ ба маблағи 1,2 млн сомонӣ аз фурӯш дар дорухонаҳо гирифта шудааст.
"Дорувории мусодирашуда аз компекси витаминҳо, антибиотикҳо ва як намуд доруи “Лидакс” иборат мебошад” – гуфт сардори Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи тандурустӣ.
Машина скорой помощи у Тирасполе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.08.2023
Чаро дар Суғд мошини ёрии таъҷилӣ намерасад?: Посухи мансабдорон
Бино ба гуфти ин масъули соҳаи тандурустӣ, дорувориҳои мусодирашуда аз кишварҳои Ҳиндустон ва Чин ба дорухонаҳои кишвар ворид гардидаанд, ки бесифатии онҳо ошкор шудааст.
Бар пояи омори расмӣ давоми шаш моҳи соли ҷорӣ ба вилояти Суғд ба маблағи беш аз 4 млн доллар маводи тиббӣ ва ороишиву гигенӣ ворид шудааст.
Лентаи хабарҳо
0