Ҳукумати Кӯлоб аз ҳоли захмиёну зарардидагони садамаи маргбор гуфт

© Дафтари матбуоти вазорати тандурурстӣРавоншиносон аз аҳволи осебдидагони садамаи Кӯлоб хабар гирифтанд
Равоншиносон аз аҳволи осебдидагони садамаи Кӯлоб хабар гирифтанд - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.08.2023
Обуна шудан
Эксклюзив
Ҳукумати шаҳри Кӯлоб мегӯяд, ки аксари осебдидагони садамаи мудҳиш, ки рӯзи 6 август дар шоҳроҳи Душанбе-Кӯлоб-Хоруғ сурат гирифт, аз бемористон мураххас шуданд
ДУШАНБЕ, 17 авг — Sputnik. Дар ҳоли ҳозир, дар беморхонаи шаҳри Кӯлоб танҳо се нафар, ки дар садамаи мудҳиш осеб дида буданд, боқӣ мондаанд, иттилоъ доданд ба Sputnik Тоҷикистон аз ҳукумати шаҳри Кӯлоб.
Ба иттилои манбаъ, аксарияти захмиён аз беморхона мураххас шуданд ва зери назорати табибон қарор доранд.
Тибқи иттилои ахир шумори кушташуда дар садамаи мадҳуши Кӯлоб ба 12 нафар расид.

“Дар рӯзи аввали садама 10 нафар ба ҳалокат расид. Ва 13 нафар бо хзахмҳои гуногун ба беморхона оварданд. Аз шумори захмиён ду тани дигар – яке як рӯз пас аз садама, дигаре 11 август ба ҳалокат расид”, - гуфт манбаъ.

Ӯ ҳамзамон таъкид кард, барои зарардидагоне, ки манзилҳояшон хароб шуда буданд, заминҳои наздиҳавлингӣ ҷудо шудааст ва сохтмони хонаҳо дар рӯзҳои наздик оғоз мешаванд.
Вай гуфт, ҳоло лоиҳакашӣ ва омодасозии масолеҳи сохтмонӣ идома дорад.

“Барои ҳар зарардида дар ҳудуди маркази шаҳр 4-5 ҳисса замин ҷудо шудааст. Ин заминҳои додашуда бештар аз онест, ки қаблан доштанд ва хонаҳо бо тамоми шароит сохта ва таъмин мешаванд”, - гуфтанд аз ҳукумати шаҳри Кӯлоб.

Ёдовар мешавем, ки рӯзи 6-уми августи соли 2023 соатҳои 19 ба 20-и шом дар шаҳри Кӯлоб садамаи нақлиётӣ рух дод.
Эмомалӣ РАҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.08.2023
Ҳамдардии Эмомалӣ Раҳмон ба хонаводаҳои қурбониёни садама дар Кӯлоб
Автомашинаи боркаши тамғаи “Дулан” ба садамаи мудҳиш дучор шуд. Дар паи ин садама 23 нафар куштаву захмӣ ба қайд гирифта шуд.
Пештар Президенти Тоҷикистон ба хонаводаҳои ҳалокшудагон дар садамаи пурқурбонии Кӯлоб изҳори ҳамдардии амиқ карда, ба захмиён шифои оҷил орзу намуд.
Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон хостори тадбирҳои фаврӣ барои кӯмаки моддӣ ба хонаводаҳои ҳалокшудагон, табобати захмбардоштагон ва барқарор намудани хонаҳои зарардида дар садамаи Кӯлоб шуд.
Ахиран хабар расид, ки ҳукумати Тоҷикистон ба афроде, ки худравҳояшон зимни садамаи мудҳиши нақлиётӣ дар Кӯлоб зарар дид, мошинҳои нав ҳадя кардааст.
Ба маълумоти манбаъ, 7 нафар аз зарардидагон 9 август соҳиби мошин нав гардиданд.
Лентаи хабарҳо
0