Дар Хатлон қариб 500 иншооти тандурустӣ бунёд мешавад

© Sputnik / Евгений Одиноков / Гузариш ба медиабонкОнкологическая больница
Онкологическая больница  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.08.2023
Обуна шудан
Мақомоти Хатлон азм доранд, ки ба истиқболи 35-умин солгарди Истиқлоли давлатии Тоҷикистон ба бунёди муассисаҳои тандурустӣ бахши хусусиро низ ҷалб намоянд
ДУШАНБЕ, 19 авг - Sputnik. Бо мусоидати мақомоти давлатӣ, соҳибкорон ва шахсони эҳсонкор то ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон 477 иншооти бахши тандурустӣ бунёд мегардад.
Дар ин бора раиси Хатлон, Давлаталӣ Саид зимни паёми шодбошияш ба муносибати иди касбиашон ба кормандони соҳаи тиб иттилоъ дод.
Ба гуфтаи Давлаталӣ Саид, аз ҷумла дар Хатлон бунёди 28 беморхона, 61 маркази саломатӣ, 195 бунгоҳи тиббӣ, 14 таваллудхона, 164 дорухона ва 15 нуқтаи хатна ба нақша гирифта шудааст.
Раиси Хатлон изҳори боварӣ намуд, ки бо ба истифода додани ин иншоот мушкилоти зиёди соҳа ҳалли худро пайдо хоҳанд кард.
Палата в родильном доме отделения центральной больницы Нурободского района - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.08.2023
ВМКБ соҳиби беморхонаи нави марказии бисёрошёна мешавад
Ӯ иттилоъ дод, ки ба ҳолати 1 августи соли 2023 дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 18 иншооти соҳаи тандурустӣ ба маблағи зиёда аз 11 млн сомонӣ мавриди истифода қарор дода шуда, бунёди беш аз 81 муассисаи дигар феълан идома дорад.
Тибқи омори расмӣ, айни ҳол дар вилоят наздики 1,8 ҳазор муассисаҳои тандурустӣ, аз ҷумла - 1,2 ҳазор муассисаҳои шабакаи кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ фаъолият доранд.
Дар баробари ин, дар қаламрави Хатлон айни ҳол 110 муассисаҳои беморхонавӣ, наздики 260 марказҳои махсусгардонидашуда, 2 маркази ёрии таъҷилӣ, 25 шӯъбаҳои ёрии таъҷилии тиббӣ бо 195 адад нақлиёти ёрии таъҷилӣ ва 162 муассисаҳои хусусии тиббӣ дар хизмати сокинон қарор доранд.
Лентаи хабарҳо
0