БРИКС сари коҳиши вобастагӣ аз доллар тамаркуз мекунад

© Sputnik / Антон Денисов / Гузариш ба медиабонкIII Международный фестиваль театральных школ стран БРИКС
III Международный фестиваль театральных школ стран БРИКС - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.08.2023
Обуна шудан
Зиёда аз 40 кишвари ҷаҳон хоҳиши пайвастан ба созмони БРИКС-ро изҳор доштанд, ки аз он 23 кишвар расман дархости худро пешниҳод кардаанд
ДУШАНБЕ, 22 авг — Sputnik. Аъзои БРИКС дар нишасти рӯзи сешанбеи худ асосан ба коҳиши вобастагӣ аз доллар тамаркуз хоҳанд кард.
Дар ин бора Пол Мачатил, ноиби раиси ҷумҳури Африқои Ҷанубӣ изҳор доштааст.

"Имрӯз ҷаҳон ба ин блок (БРИКС) таваҷҷӯҳ мекунад, зеро он дар садри аввали баҳсҳои ҷаҳонӣ барои коҳиши вобастагӣ аз доллар қарор дорад", - гуфтааст вай.

Ӯ таъкид кардааст, ки раҳбарони БРИКС, аз ҷумла, роҳҳои афзоиши шумори пардохтҳо бо пули миллии худро баррасӣ хоҳанд кард.
Бояд гуфт, ки имсол дар нишасти БРИКС-2023 Бразилия, Русия, Ҳиндустон, Чин ва Африқои Ҷанубӣ ширкат хоҳанд кард.
Ба ин тартиб, Сирил Рамафоса, раиси ҷумҳури Африқои Ҷанубӣ, ки дар моҳи январ раёсати даврии ин гурӯҳро бар ӯҳда гирифт, Си Ҷинпин, раиси ҷумҳури Чин, Лула да Силва, раиси ҷумҳури Бразилия ва Нарендра Модӣ, нахуствазири Ҳинд ширкати ҳузурӣ хоҳанд кард.
III Международный фестиваль театральных школ стран БРИКС - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.06.2023
Боз як кишвари дигар узви бонки БРИКС мешавад
Русияро дар нишаст вазири умури хориҷа Сергей Лавров намояндагӣ мекунад ва раисҷумҳури кишвар Владимир Путин онлайнӣ суханронӣ хоҳад кард.
Ба гуфтаи Налди Пандур, дипломати аршади Африқои Ҷанубӣ, беш аз 40 кишвари ҷаҳон хоҳиши пайвастан ба БРИКС-ро изҳор кардаанд, ки 23 кишвар расман дархости худро фиристодаанд.
Аргентина, Туркия, Арабистони Саудӣ, Имороти Муттаҳидаи Араб, Миср, Сенегал, Алҷазоир, Эфиопия, Эрон ва Индонезия аз ҷумлаи кишварҳое ҳастанд, ки расман муроҷиат кардаанд.
Лентаи хабарҳо
0