Путин: Ҳамкории БРИКС ба эҳёи иқтисоди ҷаҳонӣ мусоидат мекунад

© Sputnik / Михаил Климентьев / Гузариш ба медиабонкВидеообращение президента РФ В. Путина к участникам Делового форума БРИКС
Видеообращение президента РФ В. Путина к участникам Делового форума БРИКС - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.08.2023
Обуна шудан
Раҳбари Русия Владимир Путин дар нишасти сарони БРИКС, ки 22 августи соли равон оғоз шуд, иштирок кард
ДУШАНБЕ, 23 авг — Sputnik. Рушди равобити кишварҳои узви БРИКС барои беҳбуди вазъи иқтисодии ҷаҳон хеле муҳим аст.
Дар ин бора Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия, зимни суханрониаш ба таври маҷозӣ изҳор дошт.
Президенти Русия гуфт, ҳамкориҳои БРИКС боиси эҳёи иқтисод, инчунин ҳалли мушкилоти камбизоатӣ, дастрасии аҳолӣ ба хизматрасонии тиббӣ ва ҳалли мушкилоти амнияти озуқаворӣ мегардад.
Вай ёдовар шуд, ки додугирифти Русия бо кишварҳои узви БРИКС ба 230 млрд доллар расидааст.
“Дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ нисбат ба ҳамин давраи соли 2022, табодули коло 35,6% афзоиш ёфта, ба 134,7 миллиард доллар расид", гуфт Путин.
Ба гуфтаи вай, иқтисоди панҷ кишвар аз рӯи тавозуни қобилияти харидорӣ аз кишварҳои G7 болотар аст.
"Пешгӯӣ барои соли равон 31,5% дар муқобили 30% аст", - таъкид кард раҳбари Русия.
Саҳми Маҷмӯи маҳсулоти дохилии БРИКС, ки беш аз 3 млрд нафар аҳолӣ дорад, қариб 26 фоизро ташкил дод, ки беш аз чоряки маҷмӯи маҳсулоти дохилии ҷаҳон аст.
Выступление Владимира Путина на саммите БРИКС в ЮАР - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.08.2023
Аз канорагирӣ аз доллар то таъмини ғизо ба Африқо: Путин дар БРИКС чӣ гуфт - видео
Ба гуфтаи вай, дар чаҳорчӯби БРИКС раванди фаъоли долларзудоӣ ҷараён дорад ва ба ин тартиб, ҳиссаи доллар дар муомилоти мутақобила ҳамагӣ 28,7% ташкил медиҳад.
Путин ваъда дод, ки Русия як таъминкунандаи боэътимоди ғизо ба Африқо боқӣ хоҳад монд.
Аз ин табодули коло дар нимаи аввали соли 2023, ки 60% фоиз афзоиш ёфтааст ва ба 6,7 млрд доллар расидааст шаҳодат медиҳад.
Вай инчунин ба 6 кишвари китъаи Африка бобати бепул фиристодани 25—50 хазор тонна галла хабар дод. Музокирот дар ин бора, ба гуфтаи Путин, дар ҳоли анҷомёбӣ қарор дорад.
Путин ба мавзуи ширкати Русия дар созишномаи ғалла ёдрас шуд ва таъкид кард, ки кишвар барои аз сар гирифтани он омода аст, аммо танҳо пас аз иҷрои тамоми шартҳои гузоштаи кишвараш.
Рӯзи чоршанбе, 23 август, ин ҳамоиш ба кори худ идома медиҳад, ки яке аз масоил, ки ширкаткунандагонро баррасӣ мекунанд, мавзӯи тавсеаи БРИКС хоҳад буд.
Лентаи хабарҳо
0