Даҳҳо хориҷӣ барои пайвандсозии узвҳои бадан ба Тоҷикистон омадаанд

© Sputnik / Варвара Гертье / Гузариш ба медиабонкХирурги на операции, архивное фото
Хирурги на операции, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.08.2023
Обуна шудан
Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон мегӯяд, дар нимсолаи аввали соли равон ҳудуди 4 ҳазор ҷарроҳиҳои мураккаб гузаронда шудаанд
ДУШАНБЕ, 27 авг — Sputnik. Дастрасии аҳолӣ ба ҷарроҳиҳои мураккаб ва гаронарзиш дар Тоҷикистон беҳтар шудааст, иттилоъ дод вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ Ҷамолиддин Абдуллозода.
Вай дар суҳбат бо нашрияи парлумонии "Садои мардум" гуфт, дар 6 моҳи аввали соли 2023 дар муассисаҳои давлатӣ ва хусусии тиббӣ наздики 1,1 ҳазор амалиёти ҷарроҳӣ дар дилу рагҳо гузаронда шуд.
Ӯ афзуд, ки наздики 1,6 ҳазор амалиёти ангиография ва беш аз 1 ҳазор амалиёти ангиопластика ва стентгузорӣ амалӣ шуданд.
Врач в палате, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.08.2023
Вазир: Табибон аз хориҷа омада, дар Тоҷикистон кор карда истодаанд
"Инчунин ба 319 нафар беморон амалиёти ҷарроҳии иваз намудани буғум ба буғуми сунъӣ ва 124 амалиёти ҷарроҳии пайвандсозии узвҳо гузаронида шудаанд", - гуфт Абдуллозода.
Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон афзуд, ки дар ин муддат 30 нафар бемор аз хориҷи мамлакат мебошанд.
Ба гуфтаи Адуллозода, дар шашмоҳаи аввали соли 2023 дар муассисаҳои соҳа 12 навгонӣ, аз ҷумла дар соҳаи бемориҳои чашм, дил, меъда, дар амал ҷорӣ карда шуданд.
Тиб дар Тоҷикистон дар қатори тибби кишварҳои пешрафта қарор дорад ва муассисаҳои тандурустӣ бо нав­тарин таҷҳизоту лавозимоти соҳавӣ ва мутахассисони варзида таъмин мебошанд, афзуд ӯ.
Лентаи хабарҳо
0