Бохтар: Чаро фаъолияти 16 иншоот боздошта шуд?

© Sputnik / Амир ИсаевИзъятая Таджикстандартом просроченная или некачественная продукция
Изъятая Таджикстандартом просроченная или некачественная продукция - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.08.2023
Обуна шудан
Аз шаҳри Бохтар иттилоъ доданд, ки фаъолияти 16 иншоот ба хотири ҷавобгӯ набудан ба талаботи санитарӣ боздошта шудааст
ДУШАНБЕ, 29 авг — Sputnik. Раҳбари Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии шаҳри Бохтар Азизулло Маҳмадуллзода хабар додааст, ки кормандони ин ниҳод дар 7 моҳи соли равон фаъолияти 16 иншотро бо сабаби ҷавобгӯ набудан ба талаботи санитарию эпидемиологӣ боздоштанд.
Номбурда дар сӯҳбат бо сомонаи “Фараж” гуфтааст, ки аз тарафи мутахасисони ин ниҳод дар ин давра аз 1131 иншооте, ки зери назорати онҳо аст, дар 128 иншоот санҷишҳои санитарию эпидемиологӣ гузоронида шудааст.
Мавсуф қайд кардааст, ки 199 нафаре, ки қоида ва меъёрҳои санитарию эпидемиологӣ вайрон карданд, ба маблағи бештар аз 55 ҳазор сомонӣ ҷарима ситонида шудаанд.
сармуҳандиси ФҶСК Шабакаҳои тақсимоти барқ дар шаҳри Бохтар Раҷабалӣ Бояков  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.08.2023
Қарзи сокинони Бохтар аз барқ ба садҳо миллион расид
Маҳмадуллозода илова кард, ки кормандони Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии шаҳри Бохтар дар 7 моҳи соли равон фаъолияти 16 иншоотро бо сабаби ҷавобгӯ набудан ба талаботи санитарию эпидимеологӣ боздоштанд.
Қайд карда шудааст, ки зимни санҷиши маҳсулотҳои мӯҳлати истеъмолашон гузашта ва шубҳанок ба миқдори 3039 кг /л ба маблағи 25 ҳазору 317 сомонӣ маҳсулот аз муомилот гирифта шуд.
Лентаи хабарҳо
0