Дар Тоҷикистон истеҳсоли маҳсулоти гилию сафолӣ ба роҳ монда мешавад

© Flickr \ Пресс-служба Президента ТаджикистанаДорожная техника с песком
Дорожная техника с песком - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 31.08.2023
Обуна шудан
Бо таъсиси корхонаҳо дар Тоҷикистон истеҳсолӣ гил ва маснуоти сафолӣ, инчунин хишти сабук ба роҳ монда мешавад, ки дар оянда ба хориҷ низ содир хоҳанд шуд
ДУШАНБЕ, 31 авг — Sputnik. Дар Душанбе корхонаҳои истеҳсоли гил ва маснуоти сафолӣ, хишти сабук ва оҳак ба кор андохта шуданд.
Дар ин бора дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон хабар додааст.
Гуфта мешавад, ки ин корхонаҳо дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ сохта шудаанд, ки дар он масолеҳи сохтмонӣ тавлид мешавад.
Ҳамин тариқ, дар маросими ба кор андохтани коргоҳҳо ба сарвари ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон ва раиси пойтахт Рустами Эмомалӣ дар бораи иқтидори коргоҳҳо маълумот доданд.
"Пас аз бунёд корхонаҳо онҳо иқтидор доранд, ки дар як сол 3 миллион метри мураббаъ маснуоти гилӣ, яъне сафолак, 3,5 млн метри мукааб маснуоти сафолӣ, 200 ҳазор метри мукааб хишти сабук (газоблок) ва 250 ҳазор тонна оҳак истеҳсол намояд.", - таъкид кардааст хадамоти матбуоти.
Истихроҷу коркарди оҳак дар корхонаи алоҳида, ки дар ноҳияи Варзоб сохта мешавад, ба роҳ монда мешавад.
"Пас аз сохтмон ва ба истифода додани корхонаҳо беш аз 520 нафар соҳиби ҷои кори доимӣ ва маоши хуб хоҳанд шуд", - хабар медиҳад дманбаъ.
Подпись документов, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.08.2023
Тоҷикистон аз Чин барои бунёди корхонаи истеҳсоли мошин ва нуриҳо садҳо миллион $ мегирад
Гуфта мешавад, бо бунёди корхонаҳо дар мамлакат истеҳсоли маснуоти гилию сафолӣ ва хишти сабук роҳандозӣ гардида, ҳаҷми истеҳсоли оҳак дар кишвар ба таври назаррас бештар хоҳад шуд.
Илова бар ин, маҳсулоте, ки дар ин корхонаҳо истеҳсол мешавад, воридотивазкунанда хоҳад буд.
Инчунин тибқи лоиҳа, содироти тамоми номгӯи маҳсулоти корхона дар оянда дар назар дошта шудааст.
Лентаи хабарҳо
0