Раҳмону Минниханов аз зарфияти ҳамкории Тоҷикистону Тотористон гуфтанд

© Foto / Пресс-служба Президента ТаджикистанаРахмон провел встречу с Миннихановым
Рахмон провел встречу с Миннихановым - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.09.2023
Обуна шудан
Роҳбарони Тоҷикистону Тотористон имконоту зарфиятҳои зиёди афзоиши тиҷорати мутақобила ва татбиқи муштараки лоиҳаҳои сармоягузориро таъкид кардаанд
ДУШАНБЕ, 4 сен – Sputnik. Президенти Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбари Тотористон, Рустам Минниханов дар Қасри миллат густариши ҳамкориҳоро баррасӣ намуд.
Ба иттилои дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо Миннихано, ҳамкорӣ дар сатҳи минтақаҳоро ҳамчун ҷузъи таркибии муносибатҳои шарикии стратегӣ бо Русия хондаст.
Аз ҷумла роҳбари Тоҷикистон ба густариши босамари робитаҳо бо Тотористон ҳавасмандӣ карда, онро яке аз минтақаҳои аз лиҳози иқтисодӣ пешбари Русия номидаст.
Президент Татарстана Рустам Минниханов - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.05.2023
Минниханов: Ғарб натавонист Русияро дар муҳосира қарор диҳад
"Тақвияту тавсеаи робитаҳои мустақими иқтисодӣ миёни субъектҳои хоҷагидорӣ ва доираҳои соҳибкорӣ дар бахши воқеии иқтисодиёт аз ҷумлаи ҳадафҳои рӯзмарра арзёбӣ гардиданд", - омадааст дар иттилоия.
Равобит дар бахши саноати кӯҳӣ ва металлургӣ, нафту газ ва кимиё, саноати сабук ва хӯрокворӣ, дорусозӣ, сохтмон, бахшҳои энергетика, нақлиёт ва коммуникатсия, кишоварзӣ ва сайёҳӣ самтҳои ояндадори ҳамкорӣ номбар шудаанд.
Роҳбарон изҳор доштаанд, ки имконоту зарфиятҳои зиёди афзоиши тиҷорати мутақобила ҳанӯз мавҷуд буда, ба татбиқи муштараки лоиҳаҳои сармоягузорӣ таваҷҷуҳ намудаанд.
Эмомалӣ Раҳмон изҳори умед кардааст, ки сафари роҳбари Тотористон ба Тоҷикистон ҳамкориҳоро дар чаҳорчӯби шарикии стратегии ҳамаҷониба такон мебахшанд.
Лентаи хабарҳо
0