Ифтитоҳи синфхонаҳои қаҳрамонҳои Тоҷикистон дар мактаби русии ба номи Гагарин

© школа им. ГагаринаВ Душанбинской школе им. Гагарина открыли аудитории героев Таджикистана
В Душанбинской школе им. Гагарина открыли аудитории героев Таджикистана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.09.2023
Обуна шудан
Ин иқдом ба он хотир роҳандозӣ шудааст, ки муҳассилин аз хидматҳои фарҳангӣ, адабӣ ва сиёсии зодагони барҷастаи Тоҷикистон баҳравар гарданд
ДУШАНБЕ, 7 сен — Sputnik. Дар мактаби русии ба номи Гагарини шаҳри Душанбе барои поси хотири қаҳрамонҳои Тоҷикистон ба номи онҳо синфхонаҳо кушода шуданд.
Дар баробари синфхонаҳо ба номи аввалини кайҳоннавард ва омӯзгорони хидматнишондода, дар мактаби тоҷикию русии Душанбе қаҳрамонҳои Тоҷикистон низ соҳиби синфхонаҳои номӣ шуданд.
Аз ҷумла ба номи Бобоҷон Ғафуров, Садриддин Айнӣ, Мирзо Турсунзода, Нусратулло Махсум, Шириншоҳ Шоҳтемур ва Эмомалӣ Раҳмон синфхонаҳо ифтитоҳ гардиданд.
"Ин бешубҳа ба он мусоидат мекунад, ки хонандагони мактаб таърихи кишвар, гузашта ва имрӯзи онро беҳтар омӯзанд ва донанд", - таъкид кард мудири мактаб Владимир Гудков.
Открытие площади Истиклол и архитектурного комплекса символа Истиклол в городе Душанбе  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.09.2023
Ҳар шом консерт: Тафсилоти барномаи таҷлил аз 32-солагии Истиқлоли Тоҷикистон
Маъмурияти мактаб ва намояндагони Вазорати маорифи Тоҷикистон, интизор доранд, ки тавассути чунин иқдом, дар баробари омӯзиши беҳтари таърих, тарбияи толибилмонро дар фазои ватандӯстию эҷодӣ таъмин созанд.
Сафири Русия дар Тоҷикистон, Семён Григорев, аз ташкили ин синфхонаҳо дар мактаби русӣ-тоҷикӣ истиқбол кард.
"Қаҳрамонони Тоҷикистон - шоирон, олимон, сиёсатмадорони бузург ҳастанд, ки на танҳо дар сарзамини тоҷикон, балки дар давлати бузурге кор карданд, замоне ватани якҷояи мо буд", - гуфт сафир.
Қаблан хабар дода шуда буд, ки 66 омӯзгор дар чорчӯби барномаи "Муаллими рус дар хориҷа" дар соли таҳсили 2023-2024 барои кор ба Тоҷикистон равона шудаанд.
Лентаи хабарҳо
0