Ваҳдат Ҳанонов ба тамриноти тими Персполис баргашт

© Хадамоти матбуоти ФФТВаҳдат Ҳаннонов қаҳрамони Эрон шуд
Ваҳдат Ҳаннонов қаҳрамони Эрон шуд - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.09.2023
Обуна шудан
Ваҳдат Ҳаннонов бозигари дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон ва тими “Персполис”-и Эрон пас аз урдуи тими миллии кишвараш ба ҷамъи дастааш илова шуд
ДУШАНБЕ, 13 сен — Sputnik. Ваҳдат Ҳаннонов имрӯз ба тамриноти тими Персполис изофа шуд, иттилоъ додааст “Парс Тодей”.
Дастаи “Персполис” тамрини ахирашро бо ҳузури футболбози тоҷикистониаш анҷом дод.
“Ибтидо бозикунон ҳаракоти кашишӣ ва нармиширо анҷом доданд ва дар бахши баъдӣ паскориҳои кӯтоҳу таркибиро дар барнома доштанд. Пас аз он бозикунон ба ду гуруҳ тақсим шуданд ва тибқи барномаҳои вижаи кадри фаннӣ ба мурури корҳои тактикӣ пардохтанд”, - қайд кардааст манбаъ.
Ҳамчунин манбаъ зикр кардааст, ки як гурӯҳ ба анҷоми корҳои дифоӣ пардохтанд ва соири бозикунон зарбазанӣ ба самти дарвозаро иҷро карданд ва дар поён бо назорати вижа ва барномаҳои тактикӣ аз сӯи кадри фаннӣ футболи дарунтимӣ дар дастури кор қарор гирифт.
Защитник национальной сборной Таджикистана Вахдат Ханонов - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.08.2023
Бошгоҳи Персполис аз фурӯши футболбози тоҷикаш даст кашид
Қайд карда шудааст, ки Ваҳдат Ҳаннонов футболбози тоҷикистонии “Персполис” пас аз урдуи тими миллии кишвараш имрӯз ба ҷамъи дастааш илова шуд. Тамрини ахир ҳудӯди 70 дақиқа ба тӯл анҷомид.
Тими футболи Персполис рӯзи чаҳоршанбе дар як бозии тадорукотӣ ба масофи тими Малавони бандари Анзалӣ хоҳад рафт.
Лентаи хабарҳо
0