ВКХ Русия дар бораи монеасозӣ ба донишмандони тоҷик дар Кишинёв изҳори назар кард

© Sputnik / Евгений ОдиноковЗдание Министерства иностранных дел РФ
Здание Министерства иностранных дел РФ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.09.2023
Обуна шудан
Намояндаи расмии Вазорати корҳои хориҷии Русия иддао дорад, ки Молдова танҳо ба таври расмӣ дар ин кишвар “гуногунии бисёрфарҳангӣ” эълон мекунад
ДУШАНБЕ, 21 сен — Sputnik. Маскав роҳ надодани як гурӯҳи олимон ба Молдоваро як иқдоми ошкорои душманона нисбат ба Русия ва кишварҳои ИДМ медонад.
Дар ин бора намояндаи расмии Вазорати корҳои хориҷии Русия Мария Захарова хабар дод.
"Кишинёви расмӣ ба вайрон кардани муносибатҳо бо шарикони деринаи худ идома дода, ба рушди робитаҳои башардӯстона дар ИДМ халал мерасонад", - қайд кард ӯ.
Ба гуфтаи вай, чунин амалҳо дар миёни аксари кулли шаҳрвандони кишвар, ки бо Русия дӯстӣ доранд ва забони русиро хуб медонанд, пуштибонӣ намеёбад.
"Дар робита ба ин, мо аз Кишинёви расмӣ даъват мекунем, ки аз вайрон кардани ваҳдати байнимиллӣ, ки тӯли садсолаҳо дар ҷумҳурӣ ташаккул ёфтааст, даст кашад, ҳадди ақалл ба шаҳрвандони худ эҳтиром гузорад ва барои онҳо дар нигоҳ доштани робитаҳои байнишахсӣ монеа эҷод накунад", - изҳор дошт Захарова.
Дипломати рус иддао дорад, ки Молдова танҳо ба таври расмӣ дар ин кишвар “гуногунии бисёрфарҳангӣ” эълон мекунад.
"Дарвоқеъ, ин дар ҷумҳурӣ эҳсосоти зиддирусӣ ва як тамоюли ғарбӣ, ки бо нажодпарастӣ барои аз байн бурдани ҳама чизи русӣ аст, бедор мекунад", - хулоса кард намояндаи расмии Вазорати корҳои хориҷии Русия.
Қаблан олимони тоҷик ҳамроҳи дигар ҳамтоёнашон аз ИДМ дар фурудгоҳи Кишинёв боздошт шуда буданд. Дар ин бора ба РИА "Новости" як узви гурӯҳе, ки барои баргузории конфронси забони русӣ ба Молдова сафар кардааст, хабар медиҳад.
Гуфта мешавад, ки дар фурудгоҳи Кишинёв дар баробари тоҷикон олимони Русия ва кишварҳои Осиёи Марказӣ низ ҳузур доранд.
Люди в аэропорту  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.09.2023
Дар Кишинев олимон аз Тоҷикистонро боздошт карданд
Ба гуфтаи як узви гурӯҳ, ҳама ҳуҷҷатҳои зарурӣ барои ворид шудан ба Молдоваро доранд.
Олим қайд кард, ки дар конфронс ӯ ва ҳамкасбонаш ният доранд, ки дар бораи нақши забони русӣ дар ташаккули ҳамбастагии байни миллатҳо маърӯза кунанд.
Кормандони фурудгоҳи Молдова ба олимон ҳуҷҷатҳое пешниҳод карданд, ки сабаби монеагузорӣ "иҷро накардани шартҳои дигаре, ки мақомоти Молдова барои вуруди хориҷиён ба ҷумҳурӣ муқаррар кардааст" будааст.
Лентаи хабарҳо
0