Натиҷаи варзишгарони тоҷик дар рӯзи дуюми "Baku Grand Slam 2023"

© SputnikГран-при по дзюдо в Душанбе
Гран-при по дзюдо в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.09.2023
Обуна шудан
Ду рӯзи аввали мусобиқаи “Baku Grand Slam 2023” барои варзишгарони тоҷик бидуни натиҷа анҷом ёфт. Аммо ҳоло 4 ҷудокори тоҷик метавонанд ин ҳолатро тағйир диҳанд
ДУШАНБЕ, 24 сен – Sputnik. Мусобиқаи “Baku Grand Slam 2023” барои се варзишгари тоҷик хотима ёфт.
Федератсияи ҷудои Тоҷикистон мегӯяд, Маҳмадшариф Наҷмиддинов ва Шодмон Ризоев низ натавонистанд ба хазинаи варзишии кишвар медал ворид кунанд.
Ба иттилои манбаъ, Наҷмиддинов, ки дар даври аввал озод буд, рақобатро аз даври дуюм бо ҷудокори қазоқ оғоз кард, вале зуд дучори шикаст шуд ва аз идомаи мусобиқа бенасиб монд.
Зимнан, Шодмон Ризоев низ аз даври дуюм мусобиқаро шурӯъ кард ва тавонист ҳарифи нахустинашро, ки ҷудокори бритонӣ буд мағлуб кунад. Дар даври сеюм варзишгари тоҷик аз дасти ҷудокори португалӣ шикаст хӯрд ва аз Тоскулоҳи бузург канор монд.
Бояд гуфт, дар рӯзи аввали ин мусобиқа Тоҷикистонро Эмомалӣ Нуралӣ намояндагӣ кард ва мақоми панҷуми ин мусобиқаро азхуд кард.
Дзюдоист Шакармамад Мирмамадов - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.09.2023
Паҳлавонҳои тоҷик дар Боку бо кӣ зӯр меозмоянд?
Ҳамин тавр, ду рӯзи ин мусобиқа барои ҷудокорони тоҷик бидуни натиҷа ба поён расид.
Дар рӯзи охири мусобиқа, аниқтараш 24 сентяр чор паҳлавони дигари тоҷик қувва меозмоянд. Инҳо Ҷаҳонгир Маҷидов,Эмомризо Анварзода, Шакармамад Мирмамадов ва Мансур Раҳмон мебошанд.
Ёдовар мешавем, ки мусобиқаи “Baku Grand Slam 2023” дар шаҳри Бокуи Озарбойҷон бо иштироки 447 ҷудокор аз 61 кишвари ҷаҳон ҷараён дорад.
Фонди умумии ҷоизаҳои мусобиқаи мазкур 154 000 евроро ташкил медиҳад. Ғолибони ҷойи аввал дар ҳамаи 14 вазн 5000 евро, барандагони медали нуқра 3000 евро ва медали биринҷӣ 1500 евро ҷоизапулӣ дарёфт менамоянд.
Лентаи хабарҳо
0