Комроншоҳ бохту Темур барои тилои Бозиҳои Осиё зӯрозмоӣ мекунад

© Федерация дзюдо ТаджикистанаТаджикский дзюдоист Темур Рахимов
Таджикский дзюдоист Темур Рахимов - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.09.2023
Обуна шудан
Паҳлавони тоҷик то расидан ба ин давр Ли Руйхуани чинӣ ва пас аз он бо ду вазарӣ варзишкор аз Кореяи Ҷанубӣ Ким Минйонгро шикаст дод
ДУШАНБЕ, 26 сен — Sputnik. Паҳлавони номовари тоҷик, Темур Раҳимов дар вазни то 81 кило ба финали 19-умин Бозиҳои Осиё дар Ҳангжоу баромад.
Раҳмов дар ин даври ниҳоӣ барои нишони тило бо Муҳаммадумар Муҳаммадумаров аз Арабистони Саудӣ сабқат мекунад, иттилоъ дод Кумитаи миллии олимпӣ.
Паҳлавони тоҷик то расидан ба ин давр Ли Руйхуани чинӣ ва пас аз он бо ду вазарӣ варзишкор аз Кореяи Ҷанубӣ Ким Минйонгро шикаст дод.
Ҳамин тариқ, сабқати тақдидсози Раҳимов бо паҳлавони араб баъди зуҳри 26 сентябр дар назар мебошад.
Ҳамчунин дар ин рӯз паҳлавони дигар шинохтаи кишвар Комроншоҳи Устопириён низ вориди сабқат шуд, ки бидуни натиқа аз идомаи рақобатҳо маҳрқм гашт.
Таджикский спортсмен Сомон Махмадбеков - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.09.2023
Маҳмадбеков тило ва Хоҷазода нишони биринҷии Бозиҳои Осиёро гирифт
Ӯ дар даври аввал бо 2 имтиёзи вазарӣ бар Вей Чанги чинӣ ғалаба карда, ба даври чаҳорякниҳоӣ роҳ ёфт, аммо дар ин марҳила аз намояндаи АМА Арам Григорян мағлуб шуд.
Вай мебоист дар даври тасаллобахш бо Карамноб Сагайпов аз Лубнон рақобат кунад, аммо ба гузориши ТВ "Варзиш" бо барои вайрон кардани тартибот аз идомаи мусобиқа маҳрум карда шуд.
Ҳамчунин ҷудокори дигари тоҷик Исроил Раҳимов (-100 кг) дар даври аввали Бозиҳои Осиёии Ҳангжоу -2022 аз Баймурат Маҷанови туркман мағлуб шуд.
Маврид ба зикр аст, ки ҷудокорони кишвар Сомон Маҳмадбеков ва Беҳрӯзи Хоҷазода то кунун медалҳои тило ва биринҷии ин мусобиқаро ба даст оварданд.
Маврид ба зикр аст, ки 19-умин Бозиҳои Осиё аз 23 сентябр то 8 октябр аз рӯи 40 намуди варзиш ва 61 равияи варзишӣ давом хоҳанд дошт. Тоҷикистонро дар он беш аз 130 варзишгар намояндагӣ мекунанд.
Дзюдо, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.09.2023
"Baku Grand Slam 2023" барои Тоҷикистон бе медал хотима ёфт
Ин бозиҳо бояд соли 2022 баргузор мешуданд, аммо ба далели паёмадҳои пандемияи коронавирус як сол ба таъхир гузошта шуданд.
Шаҳрдори Душанбе, Рустами Эмомалӣ ахиран қарор кард, варзишгароне, ки дар Бозиҳои Осиё медали тило ба даст меоранд, соҳиби хонаи сеҳуҷрагӣ дар пойтахт мешаванд. Шаҳрдорӣ барои медали нуқра хонаи дуҳуҷрагӣ ва барои нишони биринҷӣ хонаи якҳуҷрагӣ мукофот таъйин намудаст.
Дар баробари хонаи истиқоматӣ барои ҳар медали ин мусобиқот ҷоизаи президенти Тоҷикистон таъйин шудааст, ки барои нишони тило - 150 ҳазор сомонӣ, медали нуқра - 100 ҳазор сомонӣ ва барои медали биринҷӣ 50 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Лентаи хабарҳо
0