Раҳимов нишони нуқра гирифт: Медали сеюм ба сандуқи варзишии Тоҷикистон дар Бозиҳои Осиё

© Федерация дзюдо ТаджикистанаДзюдоист Темур Рахимов, архивное фото
Дзюдоист Темур Рахимов, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.09.2023
Обуна шудан
Аз миёни се ҷудокори шинохтаи тоҷикистонӣ, ки дар рӯзи сеюми 19-умин Бозиҳои Осиё дар Гуанжоу сабқат карданд, ду нафарашон мағлуб гардида, як нафар нуқра гирифт
ДУШАНБЕ, 26 сен — Sputnik. Ҷудокори сангинвазни тоҷик, барандаи ҷои дуюм ва нишони нуқраи 19-умин Бозиҳои Осиё дар Гуанжоу шуд.
Ба иттилои Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, Раҳимов дар финал барои нишони тило бо намояндаи Амороти Муттаҳидаи Араб, Магомедумар Магомедумаров нерӯ санҷид, аммо дучори шикаст шуд.
Қаблан ҷудокорони шинохтаи тоҷик, Комроншоҳи Устопириён дар вазни то 90 кило ва Исроил Раҳимов дар вазни то 100 кило аз ҳаққи идомаи зӯрозмоӣ дар 19-умин Бозиҳои Осиё дар Ҳангжоу маҳрум шуданд.
Таджикский спортсмен Сомон Махмадбеков - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.09.2023
Маҳмадбеков тило ва Хоҷазода нишони биринҷии Бозиҳои Осиёро гирифт
Ба иттилои Кумитаи миллии олимпӣ, Комроншоҳи Устопириён дар даври аввали Бозиҳои Осиёии Ҳангжоу бо 2 имтиёзи вазарӣ паҳлавони чинӣ, Вей Чангро шикаст дод. Бо ин пирӯзӣ паҳлавони тоҷик роҳашро ба даври чаҳорякниҳоӣ ҳамвор кард.
Аммо дар ин давр Устопириён намояндаи Амороти Муттаҳидаи Араб, Арам Григорйан шикаст хӯрду дар даври тасалобахш низ барои вайрон кардани тартибот аз имкони идомаи зӯрозмоӣ маҳрум шуд.
Намояндаи дигари Тоҷикистон, Исроил Раҳимов дар вазни то то 100 кило аз аввали Бозиҳои Осиёии Ҳангжоу -2022 аз Баймурат Маҷанови туркман мағлуб шуда, аз идомаи мусобиқа маҳрум шуд.
Қаблан ҷудокорони тоҷик Сомон Маҳмадбеков дар вазни то 81 кило нишони тилло ва Беҳрӯз Хоҷазода дар вазни то 73 кило нишони биринҷӣ ба даст овардаанд.
Лентаи хабарҳо
0