Дастаи "Равшан"-и Кӯлоб ба Туркманистон сафар кард

© FC Ravshan KulobДастаи Равшани Кӯлоб ба Туркманистон сафар кард
Дастаи Равшани Кӯлоб ба Туркманистон сафар кард - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.10.2023
Обуна шудан
Дастаи "Равшан"-и Кӯлоб ҷиҳати иштирок дар бозиҳои марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё-2023/24 муқобили “Олтин Асир” ба Туркманистон сафар кард
ДУШАНБЕ, 2 окт — Sputnik. Дастаи “Равшан” барои анҷом додани рақобати даври дуюми марҳилаи гурӯҳии марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё-2023/24 аз шаҳри Душанбе ба Туркманистон сафар кард.
Дар ин бора дафтари матбуоти дастаи “Равшан”-и Кӯлоб хабар додааст.
Тибқи иттилои манбаъ, дидори дастаҳо рӯзи 5 октябри соли равон дар варзишгоҳи “Ишқобод” баргузор мегардад.
Бозии дастаҳои "Равшан"-и Кӯлоб ва “Олтин Асир” Ишқобод соати 19:00 ба вақти Душанбе оғоз мегардад.
бозии дастаи “Равшан” ва тими Марв - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.09.2023
Дар бозии деринтизор касе ғолиб нашуд: натиҷаи бозии дастаи “Равшан” ва тими "Марв"
Ёдовар мешавем, ки Дастаи футболи "Равшан"-и Кӯлоб дар аввалин бозиашро дар Ҷоми AFC бо бошгоҳи "Марв"-и Туркманистон бо ҳисоби мусовии 0:0 анҷом ёфта буд.
Бояд қайд кард, ки 2 октябр дар шаҳри Риёз бозии даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи Қаҳрамонҳои Осиё-2023/24 миёни дастаҳои "Ал-Наср"-и Арабистони Саудӣ ва "Истиқлол"-и Тоҷикистон доир мегардад. Аз легионерҳои "Ал-Наср" муқобили "Истиқлол" - Роналду, Ляпорт, Талиска, Брозович ва Фофанa бозӣ мекунанд.
Лентаи хабарҳо
0