Медали панҷуми Тоҷикистон дар Бозиҳои Осиё

© Sputnik / СтрингерКураш — традиционный вид борьбы у тюркских народов, архивное фото
Кураш — традиционный вид борьбы у тюркских народов, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.10.2023
Обуна шудан
Аз миёни намояндагони Тоҷикистон дар 19-умин Бозиҳои Осиё дар Чин то ҳол дар баробари се ҷудокори кишвар ҳамчунин ду паҳлавони риштаи кураш медал гирифтанд
ДУШАНБЕ, 2 окт — Sputnik. Паҳлавони тоҷик Ҳақназар Назаров дар риштаи кураш дар рӯзи 9-уми Бозиҳои Осиё дар Ҳангжоу нишони биринҷӣ ба даст овард.
Ба иттилои Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, Назаров, ки кишварро дар вазни то 90 кило муаррифӣ мекард, панҷумин медалро ба сандуқи варзишии ҷумҳурӣ ворид намуд.
Ин дуюмин нишони биринҷии Тоҷикистон дар риштаи кураш дар 19-умин Бозиҳои Осиё дар Ҳангжоу мебошад. Медали аввали биринҷиро дар ин бахш ба сандуқи варзишии Тоҷикистон, Хайрандеш Муродзода дар вазни то 66 кило ворид кард.
Ҳақназар Назаров бошад дар риштаи кураш дар даври аввал бар Жамалбек Уулу аз Қирғизистон ва дар аври чаҳорякниҳоӣ Коматсу Чисатои ҷопониро шикаст дода буд, аммо дар даври нимниҳоӣ аз паҳлавони Кореяи ҷанубӣ Ким Мингю мағлуб шуд.
Соперник Истиклола по   первому матчу  группового турнира Лиги чемпионов Азии катарский Аль-Духайл  прибыл в Душанбе.  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.09.2023
"Истиқлол" барои бозӣ бо "Ал-Наср" ба Арабистон рафт
Қаблан ҷудкорони тоҷик - Сомон Маҳмадбеков дар вазни то 81 кг медали тило, Темур Раҳимов дар вазни зиёда аз 100 кило нишони нуқра ва Беҳрӯз Хоҷазода дар вазни то 73 кило нишони биринҷӣ гирифта буданд.
Шаҳрдори Душанбе, Рустами Эмомалӣ қаблан қарор кард, варзишгароне, ки дар Бозиҳои Осиё медали тило ба даст меоранд, соҳиби хонаи сеҳуҷрагӣ дар пойтахт мешаванд. Шаҳрдорӣ барои медали нуқра хонаи дуҳуҷрагӣ ва барои нишони биринҷӣ хонаи якҳуҷрагӣ мукофот таъйин намудаст.
Дар баробари хонаи истиқоматӣ барои ҳар медали ин мусобиқот ҷоизаи президенти Тоҷикистон таъйин шудааст, ки барои нишони тило - 150 ҳазор сомонӣ, медали нуқра - 100 ҳазор сомонӣ ва барои медали биринҷӣ 50 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Лентаи хабарҳо
0