Лаҳзаҳои ҷолиби бозии "Истиқлол" ва "Ал-Наср" - видео

Обуна шудан
Тими "Истиқлол" дар даври аввали бозӣ бо тими "Ал-Наср"-и Арабистони Саудӣ пешсаф шуд, аммо дар даври аввал пешоҳангияшро аз даст дод
Дастаи "Истиқлол" дар дувумин бозии худ дар марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои Осиё бо тими "Ал-Наср" -и Арабистони Саудӣ вориди майдон шуда, бо ҳисоби 1 бар 3 бохт.
Вохӯрии дастаҳои дар варзишгоҳи "Ал-Аввал Парк"-и шаҳри Риёз сурат гирифта, тими Душанбе нахуст пешсафиро ба даст гирифт.
Футболбози "Истиқлол", Сенин Себай дар дақиқаи 44-ум голро вориди дарвозаи тими Арабистони Саудӣ кард.
Тими Афғонистон бозиҳои хонагиашро дар Тоҷикистон мегузаронад
Дар қисми дуюми бозӣ, футболбози тими "Ал-Наср" Криштиану Роналду дар дақиқаи 66-ум ҳисобро мусовӣ 1 бар 1 кард.
Пасон бозигари бразилӣ Андерсон Талиска ду тӯби дигарро вориди дарвозаи футболбозони тими Душанбе кард ва бозӣ ҳисоби 3:1 ба фоидаи дастаи мизбон анҷом ёфт.
Дар бозии дигари гурӯҳ "Ал-Дуҳайл" бо ҳисоби 0 бар 1 аз "Персеполис" мағлуб шуд. Ягона голи ин бозиро Умид Алишоҳ ба самар расонид.
Дар даври 3-юми бозиҳои марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои Осиё рӯзи 24-уми октябр "Истиқлол" дар сафар бо "Персеполис"-и Эрон ва "Ал-Наср" дар сафар дар ҳамин рӯз бо "Ал-Дуҳайл"-и Қатар зӯрозмоӣ мекунанд.
Лентаи хабарҳо
0