"Равшан" дар меҳмонӣ бозиро мусовӣ ҷамъбаст кард

© ФФТбозии дастаи “Равшан” ва тими "Марв"
бозии дастаи “Равшан” ва тими Марв - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.10.2023
Обуна шудан
Дар нимаи аввали бозӣ ноиби қаҳрамони Тоҷикистон бар дастаи "Олтин Асир"-и Туркманистон пешсаф шуда, дар дақиқаи 17-ум голи аввалро вориди дарвозаи рақиб намуд
ДУШАНБЕ, 6 окт — Sputnik. Дастаҳои "Равшан"-и Тоҷикистон ва "Олтин Асир"-и Туркманистон бозияшонро мусовӣ анҷом доданд.
Дар ин бора Федератсияи футболи Тоҷикистон иттилоъ дода, афзуд, ки зӯрозмоии ду тим бо ҳисоби 1:1 анҷом ёфт. Бозӣ дар шаҳри Ишқобод баргузор шуд.
Ҳамин тариқ, легионери танзаниягии тими "Равшан"-и Кӯлоб, Эммануэл Мваненго нахустин голро дар дақиқаи 17-ум вориди дарвозаи тими мизбон кард.
Дзюдо, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.10.2023
Ҷудокори ҷавони тоҷик дар қаҳрамонии ҷаҳон сеюм шуд
Аммо тими Тоҷикистон пешсафиро то охир нигоҳ доштан натавонист. Дар дақиқаи 52-юми даври дуюми бозӣ, футболбози "Олтин Асир", Раҳмон Муратбердиев ҳисобро баробар кард.
Дар зӯрозмоӣ беҳтарин бозигар, футболбози "Равшан" Евгений Гритсенко дониста шуд.
Бозии "Равшан" ва "Олтин Асир" дар Ишқобод ва дар доираи бозиҳои марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои AFC-2023/24 дар дар гуруҳи Е баргузор шуд.
Интизор меравад, дар даври сеюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои Осиё-2023/24 "Равшан" бо бошгоҳи қаҳрамони Қирғизистон "Абдиш-Ата" бозӣ кунад. Ин бозӣ 26 октябр дар Варзишгоҳи марказии Ҳисор ба нақша гирифта шудааст.
Лентаи хабарҳо
0