Вакилони халқи шаҳри Душанбе барномаи давлатии рушди нақлиёти барқиро баррасӣ мекунанд

© Сайт мэра города ДушанбеРустам Эмомали
Рустам Эмомали - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.10.2023
Обуна шудан
Шаҳрдори Душанбе мегӯяд дар пойтахт фардо иҷлосияи понздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати шашум баргузор мешавад
ДУШАНБЕ, 9 окт — Sputnik. Шаҳрдории Душанбе аз баргузории Иҷлосияи понздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати шашум хабар дод.
Ба иттилои шаҳрдорӣ, дар иҷлосия раиси комиссияи шаҳрии интихобот дар бораи интихоботи вакилон ба Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе гузориш медиҳад ва ваколати вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе аз ҳавзаи интихоботии № 66 тасдиқ хоҳанд кард.
Ҳамчунин ба иттилои манбаъ вакилон амалишавии "Барномаи давлатии рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон барои солҳои 2023-2028", ҷараёни иҷрои Нақшаи чорабиниҳои Мақомоти шаҳри Душанбе вобаста ба Солҳои рушди саноат эълон шудани солҳои 2022-2026 баррасӣ мекунанд.
Система орошения на складе угля  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.10.2023
"Маркази барқу гармидиҳӣ-2"-и Душанбе 1,1 млн. тонна ангишт захира мекунад
Инчунин дар ин ҷаласа ҳисоботи муовини якум, муовинони Раиси шаҳри Душанбе ва раисони ноҳияҳои шаҳр ҷиҳати омодагӣ ба мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2023 – 2024 дар шаҳри Душанбе шунида мешавад.
Зикр гардидааст, ки вакилони дар ҳавзаҳои интихоботӣ бо интихобкунандагон вохӯриҳо баргузор намуда, аз натиҷааш ба гурӯҳи корӣ оид ба такмил додани масъалаҳои рӯзномаи иҷлосияи понздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати шашум то 7 октябри соли 2023 таклифҳои мушаххас пешниҳод менамоянд.
Лентаи хабарҳо
0