Навъи нави бозиҳои олимпӣ тасвиб шуданд

© Sputnik / Рамиль Ситдиков / Гузариш ба медиабонкОлимпийский символ, архивное фото
Олимпийский символ, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.10.2023
Обуна шудан
Дар ҷаласаи 141-уми Кумитаи байналмилалии олимпӣ дар шаҳри Мумбайи Ҳиндустон қарор дар бораи ворид гардидани навъҳои нав ба бозиҳои олимпӣ қабул шуд
ДУШАНБЕ, 16 окт— Sputnik. Панҷ намуди нави варзиш расман ба Бозиҳои тобистонаи олимпии соли 2028 дар Лос-Анҷелеси ИМА ворид карда шуданд.
Ин тасмим дар ҷаласаи 141-уми Кумитаи байналмилалии олимпӣ (КБО) дар шаҳри Мумбайи Ҳиндустон тасвиб гардид.
Бар асоси қарор, ба ин навъҳои нави варзиши олимпӣ футболи парчамӣ ворид гардид. Футболи парчамӣ гузинаи маҳдуди футболи амрикоӣ мебошад, задани бозигарон камтар мебошад.
Олимпийские кольца. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.10.2023
Дар Бозиҳои олимпии Порис пӯшидани ҳиҷоб иҷозат дода хоҳад шуд?
Ҳамчунин бозиҳои сквош, лакросс, бейсбол/софтбол ва крикет ба барномаи олимпӣ қабул гардиданд.
Бейсбол/софтбол дар Олимпиадаи солҳои 1992 то 2008 ва охирин бор дар Бозиҳои Токио, крикет дар соли 1900 ва лакросс дар солҳои 1904 ва 1908 ба барномаи олимпӣ ворид гардид абуданд.
Бозиҳои тобистонаи олимпии соли 2028 аз 14 то 30 июл дар Лос-Анҷелес баргузор мешаванд.
Ахиран раҳбари кумитаи тадорукоти Бозиҳои тобистонаи олимпӣ дар Лос-Анҷелес Кейси Вассерман эълом дошт, ки дар якҷоягӣ бо мақомоти Амрико барои таъмини дастрасии варзишгарон дар Бозиҳои соли 2028 аз ҳар кишвари ҷаҳон кор мекунад.
Лентаи хабарҳо
0