Украина Қрим ва Донбасро баргардондан наметавонад. Ғарб инро ҳис мекунад

© Фото : МО РФБрошенная военная техника ВСУ в Белгородской области
Брошенная военная техника ВСУ в Белгородской области - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.10.2023
Обуна шудан
Матолиб, ки "дастгирии Украина аз авҷи худ гузашту майли коҳиш дорад" ҳавои "озодсозии Қриму Донбас"-ро кам ва эҳтимоли "гузаштҳо ба Русия"-ро бештар кардаст
Ба шарофати президенти ИМА Ҷо Байден Украина аз нав ба саҳифаҳои матбуоти ғарбӣ баргашт. Баъди рӯзи 7 октябр, вақте ки Ховари Миёна таркид, ин истилоҳи ҷуғрофӣ муддате аз расонаҳои ҷаҳонӣ комилан аз байн рафт. Ҳатто The New York Times баъд аз як ҳафта маҷбур шуд, ки изҳор кунад: "дастгирӣ аз Украина аз авҷи худ гузаштааст" ва акнун танҳо поин хоҳад рафт.
Аммо рӯзи ҷумъаи ҳафтаи гузашта паёми Байден ба миллат пайдо шуд, ки дар он вай дағалона Русия ва ҷунбиши Ҳамосро бо ҳам баробар нишон дод. Ва бисёре аз рӯзноманигорон ва таҳлилгарони ғарбӣ фавран ба балегӯии "пешвои ҷаҳони озод" шитофтанд ва мардумро зи нав бовар мекунонанд, ки дастгирии Украина то чӣ андоза муҳим аст.
Хусусан лоббистҳои маъруфи аврупоии режими Киев - собиқ сарвазири Бритониё Борис Ҷонсон ва “овозхони инқилобҳои ранга” фаронсавӣ Бернард-Анри Леви бештар кӯшиш мекунанд. Онҳо ҳатто бо ду забон як матнеро нашр сохтанд, ки дар он мардумро бовар мекунонанд, ки Ғарб бояд яквақта хам Исроил ва ҳам Украинаро дастгирӣ кунад.
Президент США Джо Байден. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.10.2023
Байден лоиҳаи буҷаи давлат бидуни кумак ба Украинаро имзо кард
Амиқии фикрашонро он чиз хуб нишон медиҳад, ки ҳарду моҷароҷӯ бо ҷидду ҷаҳд кӯшиш карданд калимаи "Авдеевка" -ро дуруст такрор созанд, аммо дар нусхаи англисӣ, дар рӯзномаи The Daily Telegraph, аз онҳо номи нави “Адвиика” "Adviika" ва дар нусхаи фаронсавӣ дар саҳифаҳои Le Figaro — номи "Андиивка" (Andiivka) пайдо шуданд.
Борис Ҷонсон худро боз ҳам пешгомтар нишон дода, мавзуъро дар рубрикаи махсус дар саҳифаи Daili Mail идома дод ва аз тамоми ҷаҳон даъват кард, ки дастурҳои хирадмандонаи Байденро риоя кунанд, зеро “ҳамаи созмонҳои инсонӣ ба пешво ниёз доранд.” Аҷибаш он аст, ки Ҷонсон ин матолибро пас аз он навиштааст, ки маҷаллаи The New Europe муқоваеро таҳти сарлавҳаи (бубахшед чунин сабки ҷанобони инглисиро) “Наҷосати сол-2023” ба ӯ бахшидааст.
Ва ҳоло чунин матолиб дар рӯзномаҳои ғарбӣ рӯ ба афзоиш дорад. Аммо ба пайдо шудани як тамоюли аҷиб дар маводи нави ғарбӣ дар бораи Украина таваҷҷуҳ бояд кард: ногаҳон баъзе аз онҳое, ки дирӯз даъват мекарданд, ки "Русияро дар майдони набард мағлуб кунем" ва "барқарор кардани Украина дар марзҳои соли 1991" ногаҳон дар бораи бо рохи дипломатй ҳал кардани низоъ ва хатто дар бораи гузаштхо ба Москва ҳарф мезананд. Чанде пеш инро тасаввур кардан душвор буд!
Ба ин тамоюл Владимир Путин низ зимни суханрониаш дар Пекин таваҷҷӯҳро ҷалб кард:
"Аллакай масъулоне, ки самти сиёсати хориҷиро назорат мекунанд ва чанде пеш дар бораи зарурати шикасти стратегии Русия дар майдони ҷанг ҳарф мезаданд, ҳоло дигар хел ҳарф мезананд ва аз зарурати ҳалли ин мушкилот бо рохи гуфтушуниди осоишта ҳарф мезананд. Ин навгонии дуруст, дигаргунсозӣ дар самти дуруст аст <…> барои ин онҳоро аҳсан мегӯям".
Президент РФ Владимир Путин - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.10.2023
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Путин аз "бохт" дар Украина, зарурати музокирот ва дахолати мустақими ИМА гуфт
Чунин як намунае мебиёрем. Дар рӯзномаи The Times рӯзноманигори маъруфи бритониёӣ (сармуҳаррири собиқи The Daily Telegraph) ва муаррихи ҳарбӣ Макс Ҳастингс дар ҳамоҳангӣ бо даъвати Ҷонсон матне навиштаанд: "Ҷаҳон наметавонад аз Украина хаста шавад". Ва ӯ дар он ҷо, дар маҷмӯъ, дар бораи як чиз менависад: "агар ба Путин иҷозат дода шавад, ки дар Украина пирӯз шавад, <…> натиҷа барои ҳамаи демократияҳои мо фоҷиабор хоҳад буд."
Аммо ногаҳон муаллиф фикри наверо пешниҳод мекунад, ки ҳамагӣ чанд моҳ пеш бо имзои ӯ тасаввур кардан душвор буд: "Барои нигоҳ доштани ҳамрайъии мардум, ба ҷои даъватҳои пуч, ки ҷанг бояд то ҳоле давом кунад, ки ҳар ваҷаби хоки ишғолшуда ба Киев баргардад, бояд дар бораи натиҷаи воқеии ин ҷанг фикру мулоҳиза намоем. <…> Новобаста аз ҳарзагӯиҳои “уқобон”, озодкунии Қрим ва шарқи Донбасс ба гумон аст. Ҳатто агар иродаи сиёсӣ вуҷуд дошта бошад ҳам, воситаҳои низомӣ барои расидан ба ин ҳадаф вуҷуд надоранд ва нахоҳанд дошт".
Оне, ки муаллифони рӯзномаҳои ғарбӣ ғайривоқеӣ будани фикрҳо дар бораи ба Украина баргардонидани қаламравҳое, ки ба ҳайати Русия ворид шудаанд, эътироф мекунанд, ин ҳамон як “дигаргунсозӣ дар самти дуруст” аст. Гузашта аз ин, чунин матолиб торафт зиёд мешавад. Ҳатто рубрикаи таҳририи The Los Angeles Times - боз дар мавзӯи "хаста шудан аз Украина" - аллакай оид ба "баъзе гузаштҳо ба Русия" тахмин мезанад.
Флаги Украины и Европейского Союза - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.10.2023
Дар Аврупо муътақиданд, ки Украина ба Иттиҳоди Аврупо ворид намешавад
Рӯзноманигори маъруфи амрикоӣ ва ношири маҷаллаи The Nation Катрина Ванден Ҳевел бар ин назар аст, ки тими Байден бояд тадриҷан тағйири “ҳарорати ҷамъиятиро” дар масъалаи Украина ба инобат гирад. Муаллиф хулоса мекунад: "Маъмурият бояд ба таври дипломатӣ кор кунад, ки ба азобу укубати Украина хотима бахшад, на ин, ки онро тамдид диҳад."
Вай аз як пажӯҳиши ахири гурӯҳи Авруосиё (ки бешубҳа ба русгароён дохил намешавад) ёдовар мешавад, ки 58 дарсади амрикоиҳо аллакай муътақиданд, ки Кохи Сафед бояд ҷонибҳои муноқишаи Украинаро ба музокироти сулҳ ташвиқ кунад.
Махсусан аҷиб аст, ки бархе аз мухолифон инро чунин шарҳ додаанд: "Талаботи Русия дар қаламрави Украина қонунист ва набояд аз ҳадафҳои худ ақибнишинӣ кунад." Аҳамият диҳед, ки панҷ фоизи амрикоиҳо аллакай чунин мешуморанд!
Спущенный флаг на Белом доме в Вашингтоне  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.10.2023
Кохи сафед: кумаки низомии Амрико ба Украина беохир нахоҳад буд
Оҳиста-оҳиста фикри “хаста шудан аз Украина” ба фаҳмиши амалӣ нашудани орзуи Ғарб дар бораи “ғалаба бар Русия” табдил меёбад. Ин маънои онро надорад, ки ин фаҳмиш аллакай дар байни элитаҳо маъмул шудааст - ва суханронии Байден ба ин далели равшан аст.
Аммо ҳатто дар миёни сӯҳбатҳо дар бораи идомаи маблағгузории моҷароҳои низомии Киев, ғояе дар бораи зарурати музокироти фаврӣ дар бораи сулҳ бо Русия, дар ҳоле ки аз Украина чизе боқӣ мондааст, бештар ва бештар ҳис мешавад.
"Тағйирот дар самти дуруст" оғоз мешавад.
Лентаи хабарҳо
0