Колоколтсев гуфт, кадом муҳоҷиронро хуш мепазиранду шиносномаи киҳоро беэътибор месозанд

© Sputnik / Владимир Астапкович / Гузариш ба медиабонкМинистр внутренних дел РФ Владимир Колокольцев. Архивное фото
Министр внутренних дел РФ Владимир Колокольцев. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.10.2023
Обуна шудан
Вазири корҳои дохилии Русия дар ҷаласаи ҳайати мушовара мубориза бо муҳоҷирати ғайриқонунӣ ва ҷинояткории хориҷиёнро дорои аҳамияти стратегӣ хонд
ДУШАНБЕ, 24 окт — Sputnik. Шумораи шаҳрвандони хориҷӣ дар Русия аз соли 2021 ба ин сӯ кам шуда истодааст, аммо адади ҷиноятҳои содиркардаи онҳо меафзояд.
Ин нуктаро вазири корҳои дохилии Русия, Владимир Колоколтсев зимни ҷаласаи ҳайати мушовара дар масъалаи мубориза бо муҳоҷирати ғайриқонунӣ баён дошт.
Вазир ба ёдоварӣ, ки Русия ҳоло аз рӯи шумораи муҳоҷирон дар ҷаҳон дар ҷои чаҳорум қарор дорад, мубориза бо амалҳои ғайриқонунии онҳоро ниҳоят муҳим хонд.
Ӯ зикр намуд, ки дар ин самт тадбирҳо андешида шуда истодаанд, аз ҷумла аксгирию изи ангушти ҳатмии муҳоҷирони хориҷӣ ҷорӣ гардид, ки дар натиҷа пойгоҳи чунин додаҳо зиёда аз 4 млн нафарро ташкил медиҳад.
Выдача первых патентов в Едином миграционном центре  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.10.2023
Дар Самара теъдоди муҳоҷироне, ки аз Тоҷикистон мераванд, эълон шуд
Колоколтсев гуфт, ба наздикӣ қонуни нав эътибор пайдо мекунад, ки рӯйхати ҷиноятҳоеро васеъ мекунад, ки барои онҳо шаҳрвандии қаблан гирифташуда метавонанд қатъ карда шаванд. Аз ҷумла барои эҷоди хатар ба амнияти миллӣ шаҳрвандии додашуда метавонад беэътибор дониста шавад, афзуд ӯ.
Дар тавзеҳи ҷинояткорӣ ӯ изҳор дошт, ки ҳар чорумин парвандаи ҷиноии муҳоҷирон аз кишварҳои дигар ба қочоқи маводи мухаддир марбут аст, ки ҳамагӣ ду сол пеш ин нишондод ҳар ҳаштумро ташкил медод.
Дар қатори ҷиноятҳои дигари муҳоҷирони хориҷӣ дар Русия тамаъҷӯӣ, рабуда шудани одамон, аз ҷумла ҳамватанони онҳо, садамаҳои нақлиётӣ ва ғайра зикр гардиданд.
"️Садҳо муҳоҷире, ки иҷозаи вуруд надоранд, бо истифода аз маълумоти тағйирёфтаи шахсӣ, сабти никоҳи қалбакӣ ва имтиҳонҳои сохта аз забони русӣ талош доранд, вориди Русия шаванд", - гуфт вай.
Колоколтсев таъкид намуд, ки Русия ҳамеша меҳмонон аз кишварҳои дигарро хуш пазироӣ мекунад, вале онҳо бояд волоияти қонунро аз одатҳои худ боло донанд, қоидаву меъёрҳои рафтори дохили кишварро риоя кунанд, анъана ва арзишҳои ахлоқиро эҳтиром гузоранд.
Лентаи хабарҳо
0