Бурду бохти Маҳмадбеков ва Хоҷазода дар "Abu Dhabi Grand Slam-2023" - видео

Обуна шудан
Дар рӯзи дуюми мусобиқаи "Abu Dhabi Grand Slam-2023" ҷудокорони тоҷик дар вазнҳои то 73 ва 81 кило миёни мардон сабқат карданд, аммо аз нишон бенасиб монданд
Тоҷикистонро дар рӯи дуюми мусобиқаи "Abu Dhabi Grand Slam-2023" Беҳрӯз Хоҷазода дар вазни то 73 кг ва Сомон Маҳмадбеков дар вазни то 81 кг муаррифӣ намуданд.
Ба гузориши телевизиони "Варзиш", Хоҷазода дар даври дуюм ва Маҳмадбеков дар даври сеюм ноком шуда, мусобиқаро тарк карданд.
Беҳрӯз Хоҷазода дар лаҳзаҳои охири рақобат бо як имтиёзи вазарӣ аз Карим Абдулоев, ҷудокор аз Амороти Муттаҳидаи Араб мағлуб гардид.
Рустами Эмомалӣ ба ғолибони Бозиҳои осиёӣ калиди хонаҳоро дод
Сомон Маҳмадбеков дар вазни то 81 кг зӯрозмоӣ карда, дар даври аввал озод буд ва дар даври дуюми мусобиқаи "Abu Dhabi Grand Slam-2023" муқобили Николас Йонезука аз Амрико зафар ёфт.
Дар даври сеюм Сомон дар вақти тиллоӣ бо имтиёзи вазарӣ аз Гиакомо Гамба аз Итолиё шикаст мағлуб шуда, аз идомаи мусобиқа берун шуд.
Маврид ба зикр аст, ки Тоҷикистонро дар рӯи аввали мусобиқа 3 ҷудокор Меҳрзод Суфиев бо Муҳаммадсолеҳ Қувватов дар вазни то 60 кг ва Обид Ҷебов дар вазни то 66 кг муаррифӣ карданд, ки онҳо ҳам дучори шикаст ва аз медал бенасиб монданд.
Лентаи хабарҳо
0