Шикасти "Истиқлол"-и Душанбе дар Эрон

© Дафтари матбуоти ФФТБозии тими "Истиқлол"-и Душанбе ва "Персеполис"-и Эрон дар майдони "Озодӣ"-и шаҳри Теҳрон
Бозии тими Истиқлол-и Душанбе ва Персеполис-и Эрон дар майдони Озодӣ-и шаҳри Теҳрон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.10.2023
Обуна шудан
Бозии тими футболи душанбегӣ бо дастаи эронӣ дар меҳмонӣ дар ҳузури беш аз 36 ҳазор тамошобин дар Эрон баргузор гардида, ба фоидаи мизбон анҷом ёфт
ДУШАНБЕ, 25 окт — Sputnik. "Истиқлол"-и Душанбе дар даври сеюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои Осиё-2023/24 дар чаҳоргонаи "Е" аз дастаи "Персеполис"-и Эрон бо ҳисоби 0:2 шикаст хӯрд.
Дар ин бора Федератсияи футболи Тоҷикистон иттилоъ дода, афзуд, ки сабқат дар варзишгоҳи "Озодӣ"-и шаҳри Теҳрон дар ҳузури зиёда аз 36 ҳазор тамошобин сурат гирифт.
Саид Содиқӣ дар дидори мазкур муаллифи дубл гардид. Ҳимоятгари тими миллии Тоҷикистон Ваҳдат Ҳанонов дар ҳайати "Персеполис" 90 дақиқа ҳунарнамоӣ кард, афзуд ФФТ.
Президент клуба Истиклол Душанбе Шохрух Саидзода - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.09.2023
Нигаронӣ ва шодии Шоҳрух Саидзода аз омадани Роналду ба Душанбе: Шоҳи футбол меояд
Тими Душанбе бозии навбатии худро дар марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои Осиё-2023/24 рӯзи 7 ноябр баргузор мекунад. Дар ин рӯз қаҳрамони Тоҷикистон дар Варзишгоҳи марказии Душанбе дастаи "Персеполис"-и Эронро қабул менамояд, хабар дод ФФТ.
Бозии қаблии "Истиқлол" дар доираи лигаи қаҳрамонҳо бо тими "Ал-Наср"-и Арабистони Саудӣ буд, ки бо ҳисоби 3:1 ба фоидаи футболбозони арабӣ анҷом ёфт. Дар бозии аввалаш зидди "Ал-дуҳайл"-и Қатар натиҷа мусовӣ буд
Тими "Персполис" бошад, бозии аввалашро бар "Ал-Наср" бохт ва дар рақобати дуввум "Ал-дуҳайл"-ро бо ҳисоби 1:0 шикаст дод.
Лентаи хабарҳо
0