Пулиси ҷаҳонӣ девона шудаст ва гунаҳкор Путин аст

© AFP 2023 / Nicholas KammПрезидент США Джо Байден обращается к журналистам после прибытия в международный аэропорт Чикаго О'Хара
Президент США Джо Байден обращается к журналистам после прибытия в международный аэропорт Чикаго О'Хара - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.10.2023
Обуна шудан
ИМА нақши як бозигари бонуфузро торафт аз даст медиҳад. Ҳоло собиқ иттифоқчиёни боэътимодаш ҳам дар ҳалли баъзе масоил бо ИМА хамфикр нестанд
ДУШАНБЕ, 30 окт — Sputnik, Виктория Никифорова. Раъйдиҳии рӯзи ҷумъа дар бораи қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттахид, ки ба оташбаси фаврӣ дар Исроил ва Фаластин даъват мекунад, он чизеро ошкор кард, ки ҳамагон дар борааш аз дер боз гумон доштанд. Андешаҳои Вашингтон оид ба мавзуъхои руз барои касе ҷолиб нест. ИМА дар Созмони Милали Муттаҳид тақрибан дар инзивои комил қарор дорад.
Моҳияти қатъномае, ки кишварҳои араб пешниход кардаанд, комилан содда аст. Ин талаби оташбас аз хамаи тарафхои даргир, созиш бастан, озод кардани гаравгонон ва то муддате худдорӣ аз куштори занҳо, кӯдакон ва пиронсолони бегуноҳ. Ин ғояи возеҳу инсондӯстона буда, аксарияти кишварҳои ҷаҳон онро маъқул донистанд.
Ба ин қатънома 14 (ба ҳарф чордаҳ) мамлакат муқобил баромад. Рӯйхатро ИМА ва Исроил сарварӣ мекунанд, ки ба ин ягон шубҳае набуд? Сониян харобаҳои империяи Австро-Венгрия - Австрия, Венгрия, Чехия ва Хорватия дар сафи муқобиланд. Ва дар охир кишварҳои соҳибэҳтиром - Парагвай, Гватемала, Фиджи, Тонга, Ҷазираҳои Маршалл, Микронезия ва Науру. Оё касе фаромӯш шудаст? Бубахшед, Папуа Гвинеяи Нав низ он ҷо ҳаст.
Ана инҳо ҳастанд иттифоқчиёне, ки Вашингтон дар сиёсати берунии худ ҳақиқатан ба онхо такя карда метавонад. Дар бораи нуфуз ва қувваи ҳарбии онҳо шӯхӣ нахоҳем кард. Фақат қайд мекунем, ки ҳамаи қувваҳои пешқадами замони мо, ки намояндагони аксарияти мутлақи аҳолии кураи замин мебошанд, дар Созмони Милали Муттахид ба тарафдории бас кардани хунрезӣ дар сарзамини Фаластин ва Исроил овоз баланд карданд.
Дарвоқеъ, таърихи воқеии овоздиҳӣ дар СММ мавзӯи хеле ҷолиб аст. Дар соли 2008 олимони олмонӣ тадқиқотеро нашр карданд, ки чӣ гуна амрикоиҳо дар тӯли сӣ сол овози яксаду чилу се кишвари узви СММ-ро харидорӣ мекарданд. Ба ин мақсад усулҳои пулворидкунӣ ба буҷаи ин кишварҳо, маблағгузории шахсӣ, тарсондан бо таҳримҳо истифода мешуд.
Министр иностранных дел РФ Сергей Лавров на саммите G20 в Нью-Дели - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.10.2023
Лавров хост, ба ҷаҳон оинномаи СММ хотиррасон карда шавад
Дар давоми якуним соли охир намояндагони ИМА дар ҳошияи СММ бениҳоят фаъол буданд ва барои овоздиҳии "дуруст" дар мавриди қатъномаҳои зидди Русия талош доштанд. Бо вуҷуди ин, ҳар дафъа ин кор бо душворӣ анҷом меёбад. Дар мавриди Фаластину Исроил ин кор батамом шикаст хӯрд.
Фаронса, Бельгия, Испания, Португалия ва Ирландия аз қатъномаи оташбаси кишварҳои араб ҷонибдорӣ карданд. Бритониё ва Олмон аз раъйдиҳӣ худдорӣ карданд. Канада, Австралия ва Ҷопон низ, ки иттифоқчиёни наздик ва боэътимоди Вашингтон ҳисобида мешуданд, худдорӣ карданд. Ва ҳатто Украина, ки Иёлоти Муттаҳида барояш ҳама чизро пардохт мекунад - силоҳ, маош, нафақа, саройҳои боҳашамат барои Зеленский ва алмос барои занаш, - тавре ки соҳибони амрикоияш мехостанд, овоз надод.
Албатта, тамоми Амрикои Лотинй, аз Республикаи хурди Доминика cap карда, то Аргентина ва Бразилия якдилона муқобили ИМА овоз доданд.
Чӣ тавр чунин “ошӯб” дар киштӣ имконпазир шуд? Якум, муноқишаҳои муосир бениҳоят расонаӣ мебошанд. Онҳо дар ҳазорон камераҳо сабт карда мешаванд ва дар вақти воқеӣ пахш мешаванд. Тамошобинон дар ҳама гӯшаву канори ҷаҳон метавонанд воқеаро мустақиман ва бо ҳама тафсилот тамошо кунанд.
Он чизе, ки имрӯз дар Исроил ва Фаластин рух медиҳад, чунон даҳшатнок аст, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ қатъиян талаб кард, ки ин бедодӣ бас карда шавад. Аслан, моҳияти ҳазорон тазоҳуроти имрӯза, хоҳ онҳо дар фурудгоҳи Истамбул ё дар майдони марказии Париж ташкил мешаванд, маҳз аз ин иборат аст.
Палестинцы ищут выживших в здании, разрушенном в результате израильской бомбардировки в Хан-Юнисе, сектор Газа - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.10.2023
Аз қонунҳои ҷанг фаромӯш кардаед? Ба ёдатон меоранд
Инсоният ба сиёсатмадорон нидо мекунад: барои бас кардани хунрезӣ ҳама корро анҷом диҳед. Овоз додан ба муқобили қатъномаи мамолики араб имрӯз, ба мукобили худ гардондани аҳолии кишвараш ва худро дар таърих хамчун ҷангҷӯ нишон додан аст. Ин ба кӣ лозим?
Ғайр аз ин, овоздиҳӣ дар Ассамблеяи генералӣ собит намуд, ки аз сиёсати берунии режими Вашингтон ҳама бениҳоят хаста шудаанд. Дар тӯли даҳсолаҳо дар тамоми нуқтаҳои доғи ҷаҳон бо як зарфи бензин гашта, алов рехтан мумкин нест. Дигар ҳеҷ кас инро намехоҳад.
Элитахои ҳар як мамлакати ҷаҳон имрӯз дарк мекунанд, ки фардо амрикоиҳо бо ҳамин зарфи бензин метавонанд дар кишвари онҳо низ аланга андозанд. Боз одамон мемиранд, шаҳрҳо месӯзанд ва камбизоатии мутлақ барпо мешавад. Ин бетамизиро бояд пеш аз вуқӯъ пешгирӣ намуд. Табиист, ки аксарият хостанд Вашингтонро ба ҷояш гузоранд.
Дар дохили Иёлоти Муттаҳида, ин зарбаро хеле дарднок қабул мекунанд, аммо ҳанӯз аз аз пурра дарк намудани он дуранд. Ин танҳо як нолаи ғурури дарднок аст. Ва албатта Шумо медонед, кӣ боз гунаҳкор аст? Албатта Путин.
"Ҷанг дар Ғазза ба Путини Русия он чизеро медиҳад, ки ӯ мехоҳад", - навиштааст The New York Times. Ба гуфтаи онҳо, Русия ба як “фоидабари низоъ” табдил меёбад. Чин хам холҳои иловагӣ мегирад, чи кори зиштест. Путин ба Чин рафт, ҳама чиз гӯё барбод рафт, ҳоло раҳбарони Русия ва Чин "тартиботи ҷаҳониро дигаргун хоҳанд кард".
Суоле кардан мехоҳам, оё шумо виҷдон доред? Чӣ гуна тартиботи ҷаҳонӣ? Айни замон, ки ман ин сатрҳоро менависам, дар навори Ғазза садҳо кӯдакон, занон ва пиронсолон мемиранд. Дар шабакаҳои иҷтимоӣ навори видеоии як корманди тиббии хасташуда паҳн шудааст, ки ба замин афтода, гиря мекунад, чӣ даҳшатеро ӯ дидааст. Агар қувваҳои мусаллаҳи Изроил амалиёти фарогири заминиро оғоз кунанд, Ҳамос ҳатман посух хоҳад дод. Ва он гоҳ ғайриҷанговарон дар Исроил ҳам ба марг дучор мешаванд. Ва низоъ боз ҳам шиддат мегирад.
Вид на Московский Кремль - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.10.2023
Кремл шарти ҳалли муноқишаи Фаластин ва Исроилро гуфт
Даврае ИМА як бозигари бонуфуз дар минтақа буд. Акнун онҳо бояд тамоми нуфузи худро барои боздоштани ин даҳшат равона кунанд. Аммо не, Вашингтон танҳо аз он нигарон аст, ки Русия ва Чинро ба созиш роҳ надиҳад. Худо накунад, ки ҷаноби Блинкен чеҳраи худро аз даст надиҳад.
Дар ҳамин ҳол, ҳам Русия, ҳам Чин ва дигар бозигарони ҷаҳонӣ тамоми кӯшишро ба харҷ медиҳанд, то куштори мардуми бегуноҳ дар Ғазза ва Исроил бас гардад. Аммо Вашингтон ба ин кор монеа мешавад, онҳо мехоҳанд, ки хун дар Ховари Миёна беохир равон бошад. Ин барои ҷаноби Блинкен ва ҷаноби Байден қулайтар аст.
Ва магар Путин шахсан Иёлоти Муттаҳидаро дар СММ ба ҳоли инзиво (изолятсия) овард? Не, сиёсати берунии девонаашон дар шеваи "ҷаҳон барбод меравад ё ман чой нанӯшам" ба ин оварда расонд. Аммо ҷаҳон барбод рафтан намехоҳад, бо тамоми қувва муқобилат мекунад.
Классики амрикоӣ Стивен Кинг романи "Ноумедӣ" дар бораи як пулиси девона дорад. Нависандагони хуб ояндабинанд. ИМА кайҳо боз худро пулиси ҷаҳон вонамуд мекард, аммо имрӯз ба ҳама маълум аст, ки ин пулис тамоман девона шудааст. Изолятсияи ҳар чи тезтари ӯ вазифаи таъхирнопазири ҷомеаи ҷаҳонӣ мебошад, то ки дер нашавад.
Лентаи хабарҳо
0