Лотереяи "Дурдонаи шимол 2023": сокинони Суғд чиро бурд менамоянд

© Foto / МегафонЛотерея "Жемчужина севера 2023": что выигрывают согдийцы
Лотерея Жемчужина севера 2023: что выигрывают согдийцы - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.11.2023
Обуна шудан
Ахбори ширкатҳо
Ширкати "МегаФон Тоҷикистон" дар байни сокинони вилояти Суғд лотереяи "Дурдонаи шимол 2023" баргузор кард, ки барандагони онро туҳфаҳои гаронбаҳо интизор аст
ДУШАНБЕ, 27 ноя – Sputnik. Смартфонҳои Xiaomi Redmi Note, дастпонаҳои фитнес, аккумуляторҳои ёрирасон, гӯшмонакҳои бесим насиби иштирокчиёни хушбахти лотереяи "Дурдонаи шимол 2023", ки ширкати "МегаФон Тоҷикистон" дар байни сокинони вилояти Суғд баргузор менамояд, гардиданд.
Бурди аввалини марҳилавӣ рӯзи 31 октябр гузаронида шуд, бозии навбатӣ санаи 30 ноябр дар назар аст.
Рӯзи 30 декабр ҳамаи иштиркчиёнро даври ниҳоӣ интизор аст, ки дар он барандаи ҷоизаи асосӣ – манзил дар шаҳри Хуҷанд муайян карда мешавад.
Барои довталаби манзили истиқоматӣ ва дигар туҳфаҳои “Дурдонаи Шимол 2023” шудан, бояд рамзи ID-ро тавассути занг задан ба рақами кӯтоҳи 950 ё рақамчинии USSD-дархости *950# ба даст оред. Нархи як рамз 2 сомонӣ аст.
МегаФон Life Фест: твои новые возможности - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.08.2022
"МегаФон Life Фест" - имкониятҳои нави Шумо
Роҳи сеюм ин пайвастшавӣ ба шабакаи “МегаФон Тоҷикистон” дар дилхоҳ идораи хизматрасонӣ дар Суғд мебошад. Муштарии нави оператор, ки дар давоми давраи бозӣ ба шабака дар вилояти Суғд пайваст мешавад, ба таври автоматӣ як рамзи ID ройгон ба даст меорад.
Шумо метавонед шумораи бемаҳдуди рамзҳоро бихаред ва бо ин роҳ имкони бурди туҳфаи арзишнок меафзояд. Соҳиби манзили истиқоматӣ дар Хуҷанд дар даври ниҳоӣ рӯзи 30-юми декабр аз миёни ҳамаи дорандагони рамзҳои ID муайян карда мешавад.
Ҷӯрабек Бекназаров - яке аз ғолибони аввалини лотерея мебошад.
© Мегафон ТоҷикистонЧурабек Бекназоров, барандаи Смартфон аз ширкати Мегафон
Чурабек Бекназоров, барандаи Смартфон аз ширкати Мегафон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.11.2023
Чурабек Бекназоров, барандаи Смартфон аз ширкати Мегафон
“Бахтам омад кард! Ман симкорт харидам, рамзи ID-ро ба даст овардам ва тавонистам телефони зебоеро, ки барои ман хеле лозим буд, бурд намояд. Ман бо камоли майл иштирокро давом медиҳам ва умедворам, ки соҳиби хона мешавам! Ба ҳама муваффақият ва амалишавии орзуҳоро хоҳонам!” – мегӯяд Ҷӯрабек Бекназаров.
Шумораи бештари ID-рамзҳоро ба даст оред ва бурди туҳфаҳоро дар Instagram пайгирӣ намоед!
Лентаи хабарҳо
0