Амрҳои Раҳмон дар бораи баргузории се озмуни ҷумҳуриявӣ

© Flickr \ Хадамоти матбуоти Президенти ТоҷикистонПрезидент Таджиистана Эмомали Рахмон
Президент Таджиистана Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.01.2024
Обуна шудан
Амрҳои раисҷумҳур дар бораи баргузор намудани озмунҳои "Илм – фурӯғи маърифат", "Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст" ва "Тоҷикистон-Ватани азизи ман" ба имзо расид
ДУШАНБЕ, 1 янв — Sputnik. Дар рӯзи аввали Соли нави 2024 раисҷумҳури кишвар Эмомалӣ Раҳмон якбора се амр дар бораи баргузор намудани се озмуни ҷумҳуриявӣ ба имзо расонд.
Раисҷумҳур дар бораи баргузор намудани озмунҳои ҷумҳуриявии "Тоҷикистон – Ватани азизи ман", Илм – фурӯғи маърифат" ва "Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст" ба имзо расонд.
Тибқи қарори раисҷумҳур вазорати молияи Тоҷикистон аз ҳисоби маблағҳои фонди захиравии президенти Тоҷикистон, ки барои соли 2024 пешбинӣ гардидаанд, ба Дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон барои баргузории Озмуни мазкур 3,7 млн сомонӣ ба таври нақд ҷудо хоҳад.
Открытие сезона в Сафед Даре - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.01.2024
Раҳмон: аз 28 ҳазор иншооти дар нақшабуда 10,5 ҳазор ададаш сохта шудаанд
Ҳукумат барои баргузории "Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст" 4,5 млн сомонӣ ва барои "Илм – фурӯғи маърифат" беш 4 млн. сомонӣ ҷудо хоҳад кард.
Раисҷумҳур барои дар сатҳи зарурӣ гузаронидани ин озмунҳо вазоратҳои фарҳанг, маориф ва илми Тоҷикистон ва дигар ниҳодҳоро вазифадор кардааст.
Эмомалӣ Раҳмон аз мақомоти Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғд, Хатлон, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳо барои баргузор намудани таваҷҷуҳи зоҳир намуданд.
Назорати иҷрои амрҳои мазкур ба зиммаи муовини сарвазири Тоҷикистон (сарпарасти соҳа) вогузор шудааст.
Лентаи хабарҳо
0