Бозии санҷишии дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо тими Ҳонгконг

© Foto / Хадамоти матбуоти Федератсияи футболи ТоҷикистонКубок Азии-2023: юношеская сборная Таджикистана прибыла в Бангкок
Кубок Азии-2023: юношеская сборная Таджикистана прибыла в Бангкок - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.01.2024
Обуна шудан
Бозии санҷишии дастаҳои Ҳонгконг ва Тоҷикистон 4 январ дар Абузабӣ баргузор хоҳад шуд. Ин бозӣ дар доираи омодагӣ ба қисми финалии Ҷоми Осиё-2023 мебошад
ДУШАНБЕ, 2 янв — Sputnik. Дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон дар доираи омодагӣ ба қисми финалии Ҷоми Осиё-2023 дар доираи ҷамъомади таълимиву тамринии Абузабӣ бозии санҷишӣ анҷом медиҳад.
Дар ин бора Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, рақиби дастаи Тоҷикистон дастаи мунтахаби Ҳонгконги Чин мебошад, ки чанде пеш бар дастаи миллии Чин (2:1) ғалаба намуд.
Вохӯрии дастаҳои Ҳонгконг ва Тоҷикистон 4 январ дар Абузабӣ баргузор шуда, соати 17:00 ба вақти Душанбе оғоз мегардад.
Мэр Душанбе и председатель Национального совета (Маджлиси Милли) Таджикистана Рустам Эмомали - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.11.2023
Баҳси рушди футбол дар мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо масъулин: Ӯ камбудӣ ва роҳи ҳалро гуфт
Қайд карда шудааст, ки бозӣ пушти дарҳои баста доир шуда, ба эфир дода намешавад.
Тибқи муқаррарот, мураббиён метавонанд давоми бозӣ миқдори номаҳдуди бозигаронро иваз намоянд, аз ин рӯ натиҷаи рақобат дар рейтинги ФИФА ба инобат гирифта намешавад.
Ёдовар мешавем, ки дар Ҷоми Осиё-2023 дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар гурӯҳи "А" бо дастаҳои Чин (13 январ), Қатар (17 январ) ва Лубнон (22 январ) рақобат менамояд.
Лентаи хабарҳо
0