Фурудгоҳи байналмиллалии Хуҷанд дар мусофиркашонӣ рекорд гузошт: тафсилот

© SputnikМеждународный аэропорт Худжанд
Международный аэропорт Худжанд - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.01.2024
Обуна шудан
Ягона фурудгоҳи бузурги шимоли Тоҷикистон интиқоли мусофиронро ба ҳадди рекордӣ расонидааст, ки бештараш ба ширкатҳои русӣ рост меояд
ДУШАНБЕ, 3 янв – Sputnik. Фурудгоҳи байналмиллалии Хуҷанд дар соли 2023 ба як миллион мусофир хидматрасонӣ кардааст.
Ин нишондиҳандаи рекордӣ буда, фурудгоҳ дар тӯли фаъолияти худ барои аввалин бор ба ин нишондиҳанда ноил шудааст.
Дар бораи ин нишондиҳандаи оморӣ Юсуф Маюсуфов, масъули матбуотии Фурудгоҳи байналмиллалии Хуҷанд ба Sputnik Тоҷикистон иттилоъ дод.
Бино ба гуфти ӯ, дар ин давра шумори хатсайрҳои байналмилалӣ 3, 3 ҳазор адад сурат гирифта, шумори мусофирон аз 1 млн гузашт.
“Аз ин шумора 515 ҳазор нафар гусел карда шуда, 485 ҳазор нафар фуруд омадаанд”, – гуфт, Маюсуфов.
Бино ба иттилоъи манбаъ, барои интиқоли бахши аъзами мусофирон ширкатҳои ҳавопаймоии Русия саҳми бештар гузоштаанд.
Барои мисол дар ин давра беш аз 73%-и мусофирон парвозро бо ширкатҳои “Урал” ва “Сибир” анҷом додаанд.
Ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” 18,8%, “Норд вин” 5,4%, “Ют Эйр” 4,3% ва “Ямал” 1,8% дар интиқоли мусофирон саҳм доштаанд.
Самолет авиакомпании Аэрофлот. Архивное фото  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.02.2023
"Аэрофлот" ба Душанбе парвозҳои мунтазам роҳандозӣ мекунад
Соли 2022 шумори мусофирони фурудгоҳи Хуҷанд 910 ҳазор нафар баробар шуда буд, ки ин рақам нисбат ба соли 2023 10% камтар аст.
Ду сол пеш ҳаҷми даромади Фурудгоҳи байналмиллалии Хуҷанд беш аз 139 млн сомонӣ рақам зада мешуд.
Соли 2022 Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд бо пардохти 52 миллион сомонӣ дар қатори андозсупорандагони бузург дар кишвар муаррифӣ шуда буд.
Лентаи хабарҳо
0