Бонки миллӣ барои барҳам додани ТҚХ “Барҳақ” ба суд муроҷиат кард

© Sputnik / Амир ИсаевЗдание Душанбе-плаза
Здание Душанбе-плаза - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.01.2024
Обуна шудан
Аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон дар хусуси барҳамдиҳии ташкилоти қарзии хурди “Барҳақ” ба суд ариза пешниҳод карда шуд.
ДУШАНБЕ, 19 янв — Sputnik. Бонки миллӣ барои барҳам додани як ташкилоти қарзии хурд ба суд муроҷиат кардааст.
Ба иттилои дафтари матбуоти Бонки миллии Тоҷикистон бо қарори навбатии Раёсати Бонк бинобар сабаби аз ҷониби комиссияи барҳамдиҳии ҶСП ТҚХ “Барҳақ” сари вақт таъмин накардани раванди барҳамдиҳии ихтиёрӣ ва иҷро накардани талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, дар он расмиёти барҳамдиҳии маҷбурӣ оғоз гардид ва аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон дар ин хусус ба суд ариза пешниҳод карда шуд.
Таъкид шудааст, ки Бонки миллӣ ин иқдомро дар асоси моддаҳои 6, 10 ва 12 Қонуни Тоҷикистон “Дар бораи барҳамдиҳии ташкилотҳои қарзӣ” амал мекунад.
Душанбе плаза - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.09.2023
Бонки миллӣ ба ташкилоти суғуртавии “Такаффул” иҷозатномаи бе муҳлат дод
Ёдовар мешавем, ки қаблан бо қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон ҶДММ ТАҚХ “Тамвил” ба хотири риоя накардани тартиби барҳамдиҳии ихтиёрӣ дар он расмиёти барҳамдиҳии маҷбурӣ оғоз гардида буд.
Аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон дар ин хусус низ ба суд ариза пешниҳод шуда буд.
Дар ҳоли ҳозир дар қаламрави Тоҷикистон се ташкилоти қарзии хурд "ОКСУС", "Меҳнатобод" ва "Рушди Куҳистон" фаъолият мекунанд.
Лентаи хабарҳо
0