Маълум шуд, ки дар даври 1/8-ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 мунтахаби Тоҷикистон бо кӣ бозӣ мекунад

© Foto / Хадамоти матбуоти Федератсияи футболи ТоҷикистонСборная Таджикистана по футболу
Сборная Таджикистана по футболу - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.01.2024
Обуна шудан
Дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон дар даври 1/8-ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 бо тими Амороти Муттаҳидаи Араб бозӣ хоҳад кард
ДУШАНБЕ, 24 янв — Sputnik. Рақиби дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар риштаи футбол дар даври 1/8-ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 дар Давҳа маълум шуд.
Дар ин бора иттилоъ дафтари матбуоти Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, дар ин марҳилаи мусобиқот дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо тими Амороти Муттаҳидаи Арабӣ бозӣ анҷом медиҳад.
Аз рӯи натиҷагирии марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Осиё-2023 дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо чаҳор имтиёз дар гурӯҳи "А" мақоми дуюмро гирифт. Дастаи мунтахаби Амороти Муттаҳидаи Араб бо чаҳор имтиёз дар чаҳоргонаи "С" дуюм шуд.
Қайд карда шудааст, ки бозии 1/8-ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Арабӣ 28 январ дар варзишгоҳи Аҳмад бин Алии Давҳа баргузор мешавад. Вохӯрӣ соати 19:00 ба вақти маҳаллӣ (21:00 ба вақти Душанбе) оғоз мегардад.
Сборная Таджикистана  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.01.2024
Мунтахаби Тоҷикистон бо пирӯзӣ дар Ҷоми Осиё мавқеяшро дар рейтинги ФИФА боло бурд
Ёдовар мешавем, ки тими мунтахаби футболи Тоҷикистон дар радабандии нави Федератсияи байнулмилалии футбол ва худ ФИФА 7 зина боло рафт.
Дар нашри охири рейтинги дастаҳои миллӣ Тоҷикистон бо 1206,94 имтиёз аз мақоми 106 ба зинаи 99-ум баромад.
Ин ба шарофати бурди ахири миллипӯшони кишвар дар бозӣ бо Лубнон дар доираи Қаҳрамонии Осиё даст дод.
Маврид ба зикр аст, ки ин беҳтарин нишондиҳанда дар таърихи футболи кишвар аст.
Дар сегонаи беҳтаринҳо чун гузашта Аргентина, Фаронса ва Англия қарор гирифтаанд.
Национальная сборная Таджикистана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.01.2024
Тоҷикистон Лубнонро шикаст доду ба даври плей-оффи Ҷоми Осиё -2023 баромад
Аз дастаҳои узви КФО Ҷопон пешсаф аст (дар ҷаҳон 17-ум), Эрон (21) Австралия (23) пас аз он қарор гирифтаанд. Тоҷикистон дар зинаи 17-қарор дорад.
Миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ чун ҳамеша Узбекистон (68-ум, 1358,14 имтиёз) пешсаф аст. Қазоқистон бошад, ду зина болотар аз Тоҷикистон дар ҷойи 97, Қирғизистон 105 ва Туркманистон дар ҷойи 141-ум қарор доранд.
Русия бошад, як зина пеш рафта, бо 1498,84 имтиёз дар мақоми 37-ум қарор гирифтааст.
Лентаи хабарҳо
0