Сегрт шонси тими Тоҷикистон дар сабқат бо АМА-ро арзёбӣ кард

© Foto / Хадамоти матбуоти Федератсияи футболи ТоҷикистонПетр Сегрт, главный тренер национальной сборной Таджикистана
Петр Сегрт, главный тренер национальной сборной Таджикистана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.01.2024
Обуна шудан
Тоҷикистон соли гузашта дар Абу-Даби бо тими Амороти Муттаҳидаи Араб бозии дӯстона гузаронида, бозиро бо ҳисоби 0:0 мусовӣ анҷом дод. Ҳамакнун дар Ҷоми Осиё рӯбарӯянд
ДУШАНБЕ, 28 янв — Sputnik. Имкони тими миллии Тоҷикистон барои пирӯзӣ дар зӯрозмоӣ бо тими Амороти Муттаҳидаи Араб 50 бар 50 аст.
Ин нуктаро сармураббии тими миллии Тоҷикистон Петр Сегрт қабла аз бозии даври ҳаштякниҳоии Ҷоми Осиё-2023 муқобили тими миллии Амороти Муттаҳидаи Араб баён дошт.
"Мо то садои ҳуштаки ниҳоӣ мубориза хоҳем бурд. Умедворам, боз як бозии таърихӣ анҷом хоҳем дод", - гуфт Сегрт.
Ӯ ин бозиро фурсати пешравӣ хонда, баъди роҳёбӣ ба даври плей-оффи Ҷоми Осиё пешрафти дигар зарур аст, тамоми мардуми Тоҷикистон инро мехоҳад.
Дар мавриди бозии оянда таъкид намуд, ягона чизеро, ки кафолат дода метавонад, ин аст, ки бозигарон то ҳадди имкон мубориза мебаранд.
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ҳангоми ифтитоҳи варзишгоҳи бунёдкардаи Гуловҳо дар Данғара - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.01.2024
ФФТ хостори таъсиси дастаи нави касбӣ дар Данғара шуд
Сегрт зикр намуд, ки соли гузашта дар Абу-Даби бо тими Амороти Муттаҳидаи Араб бозии дӯстона гузаронида шуда, бидуни гол мусовӣ анҷом ёфт.
"Ҳоло ба тими миллии АМА сармураббии нав омадааст. Ин бозии хеле ҷолиб хоҳад буд", - илова намуд сармураббии тими Тоҷикистон.
Бозӣ бо АМА дар варзишгоҳи Аҳмад бин Алии Доҳа соати 19:00 ба вақти маҳаллӣ ё соати 21:00 ба вақти Душанбе оғоз мешавад.
Лентаи хабарҳо
0