Аз Муминзод то Шарифӣ: Раҳмон раисони 12 шаҳру навоҳиро таъйин кард

© Flickr \ Хадамоти матбуоти Президенти ТоҷикистонПрезидент Таджикистана Эмомали Рахмон на заседании правительства
Президент Таджикистана Эмомали Рахмон на заседании правительства - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.01.2024
Обуна шудан
Кишвардори Тоҷикистон бо судури фармонҳо ба курсиҳои холии раисони шаҳру навоҳии Суғду Хатлон ва муовинони раисони вилоят таъинот анҷом дод
ДУШАНБЕ, 30 янв — Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон тағйирои кадриро дар ҳайати ҳукумат идома медиҳад.
Имрӯз 30 январ ӯ дар курсиҳои холии раҳбарии 12 шаҳру навоҳии кишвар мансабдорони навро таъйин кард.
Ҳамин тариқ бо фармони ӯ, Муминзод Абдулмаҷид Мубин иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Бохтари вилояти Хатлон таъин шуд, ки то ин замон раҳбарии Хадамоти зиддиинҳисории кишварро ба зима дошт.
Президент Шарифӣ Фирӯзаро, ки то ҳол муовини раиси Хатлон буд, раҳбари шаҳри Норак таъин карда шавад.
Муминзода Мастура Табарӣ бошад аз мақоми муовини раиси ноҳиси А.Ҷомӣ ба вазифаи раиси шаҳри Леваканти Хатлон расид.
Ҳамчунин Суризода Носир Мародбек раиси ноҳияи Хуросон ва Амирзода Сайвалӣ Раҳмоналӣ раҳбари ноҳияи Муъминободи гумошта шудаанд.
Суризода то ҳол муовини раиси шаҳри Хоруғ ва Амирзода вакили парлумон буд
Президент Таджикистана Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.01.2024
Мансурӣ муовини сарвазиру Қодирзода аз Кумита рафъ: Боз киҳо таъйину барканор шуданд
Раисҷумҳур Саломзода Сиҷоуддинро, ки муовини Рустами Эмомалӣ буд, раиси ноҳияи Данғара таъйин кардааст.
Дар идомаи тағйирот сарвари давлат Холиқзода Рустамро аз вазифаи сардори Раёсати растанипарварии Вазорати кишоварзӣ ба раиси ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ таъйин кард.
Набизода Фаррухиддин бошад раиси ноҳияи Ховалинг ва Абдуллозода Тағой Маҳкам раиси ноҳияи Шаҳритус гардид.
Кишвардори Тоҷикистон ҳамзамон дар НТМ низ тағйирот гузаронида, Каримзода Мансур Тағойро раиси ноҳияи Файзобод гумошту идораи ноҳияи Раштро ба зимаи Идизода Зарина Фузайлшо вогузошт.
Курсии холии раиси ноҳияи Ҷаббор Расулови вилояти Суғдро президент ба Юлдошзода Олимбек бовар кард.
Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин муовинони раисони Хатлону Суғдро низ нав кардааст.
Бар асоси тағйирот, анакнун Мирзозода Музаффар Бурҳон, Каримзода Ҷамшед Абдураҳмон, Абдусаломзода Анзурат Абдусалом муовинони Давлаталӣ Саид шудаанд.
Қурбонзода Суҳайлӣ Кароматулло бошад, ба вазифаи муовини якуми раиси вилояти Суғд таъйин гардид.
Лентаи хабарҳо
0