Вазир: муҳоҷирати табибон аз Тоҷикистон ба хориҷа кам шудаст

© Foto / Хадамоти матбуоти Вазорати тандурустии ТоҷикстонВазири тандурустии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода
Вазири тандурустии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.02.2024
Обуна шудан
Норасоии кадрӣ дар муассисаҳои тандурустии Тоҷикистон, ки солҳои қаблӣ зиёда аз 4 ҳазор нафарро ташкил медод, феълан қариб ду баробар кам шудаст
ДУШАНБЕ, 12 фев – Sputnik. Соли гузашта аз Тоҷикистон 274 табиб ба хориҷи кишвар муҳоҷират кардаанд, изҳор дошт вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар, Ҷамолиддин Абдуллозода.
Вай зимни нишасти матбуотӣ изҳор дошт, ки муҳоҷирати хориҷии табибон коҳиш ёфтааст, чун соли 2022 ин омор 457 нафарро ташкил медод. Вай афзуд, ки инчунин соли гузашта беш аз 100 табиб аз хориҷа баргашта дар муассисаҳои тандурустии ҷумҳурӣ фаъолият доранд.
Феълан дар Тоҷикистон ҳудуди 2 ҳазор табиб ва 391 корманди миёнаи тиб намерасад. Ҳозир 91%-и воҳидҳои кории табибон банд буда, аз корманди миёнаи тиб ин нишондод ба 99% мерасад, изҳор дошт вазир.
Приветственный монумент в городе Исфара, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.08.2023
Ба омӯзгорону табибон дар Исфара замини наздиҳавлигӣ дода шуд
Дар таносуби минтақаҳо Абдуллозода иттилоъ дод, ки дар Хатлон 748 табиб намерасад ва мушкили норасоии ҳамшираҳои шафқат ҳал шудааст. Дар Суғд 545 табиб намерасад.
Ин омор дар шаҳру навоҳии тобеи марказ ба 361 табиб ва 151 корманди миёнаи тиб баробар аст. Дар муассисаҳои тандурустии Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон низ ҷои кори 23 табибу 7 корманди миёнаи тиб феълан интизори мутахсисон аст.
Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи вазир беш аз 22 ҳазор дар донишгоҳҳои олии тиббии Тоҷикистон ва зиёда аз 68 ҳазор дар коллеҷҳои тиббӣ таҳсил мекунанд. Танҳо соли гузашта коллеҷҳоро қариби 15 ҳазор нафар хатм кардаанд, дар ҳоле, ки ба гуфтаи вазир норасоии кормандони миёнаи тиб камтар аз 400 нафарро ташкил медиҳад.
Вазир таъкид намуд, ки дар сурати ҳозир шудани хатмкунандаҳо ба ҷои кор мушкил пурра ҳал мегардад ва афзуд, ки корро дар ин самт дар ҳамкорӣ бо мақомоти маҳаллӣ тақвият мебахшанд.
Лентаи хабарҳо
0