Шеров дар финали "Baku Grand Slam" барои тило рақобат мекунад

© Sputnik / Амир ИсаевСоревнования по дзюдо в Таджикистане
Соревнования по дзюдо в Таджикистане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.02.2024
Обуна шудан
Сабқати намояндаи Тоҷикистон бо паҳлавони кишвари мизбон барои зинаи аввал шоми имрӯз соати 18:00 ба вақти Душанбе доир мешавад
ДУШАНБЕ, 17 фев – Sputnik. Ҷудокори тоҷик, Абубакр Шеров дар вазни то 73 кило ба финали "Baku Grand Slam 2023" баромад.
Шеров дар ин даври ниҳоӣ барои нишони тило бо варзишкори кишвари мизбон Ҳидоят Ҳайдаров мубориза мебарад.
Паҳлавони тоҷик дар даври аввал бар ҷудокори руминиягӣ Алехандру Райсуи, дар марҳилаи дуюм бар Михейли Бахбахашвилии гурҷӣ, бар намояндаи АМА Карим Абдуллоев дар даври сеюм , Артур Маргелидон дар даври чаҳорум шикаст дод.
Барои расидани рақобати финалӣ ӯ Хаҷаалиев Аюби озарбойҷониро дар даври нимниҳоӣ шикаст дод.
Сабқати Шеров бо паҳлавони озарӣ шоми имрӯз соати 18:00 ба вақти Душанбе доир мешавад.
Маврид ба зикр аст, ки ин рақобат аз 16 феврал оғоз шуда то фардо давом мекунад ва дар он 11 варзишкори тоҷик ширкат доранд.
Исмоил Махмадзоир, президент Федерации дзюдо Таджикистана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.11.2023
Соли ҷудо дар Тоҷикистон: Медалгирӣ 3 баробар зиёд шуд
Рӯзи аввал Тоҷикистонро Муҳаммадсолеҳ Қувватов (-60 кг), Шукрона Қарчиева (-48 кг), Аҳлия Муминова (-52 кг) ва Фазилат Гулбоева (-57 кг) намояндагӣ карданд.
Муҳаммадсолеҳ Қувватов дар даври аввал Баюржан Нарбайеви қазоқро шикаст дода, дар даври дуюм аз Балабай Ағаеви озарӣ шикаст хӯрд.
Ҳамзамон духтарон низ дар аввалин рақобатҳои худ мағлуб гардиданд.
Имрӯз бошад Илҳомиддин Ҷабборов ҳам аз ҷудокори турк дар даври аввал шикаст хурда аз идомаи мусобиқа бенасиб монд.
Рӯзи охири мусобиқа нерӯсанҷии паҳлавонҳои нисбатан гаронвазни тоҷик дар назар мебошад.
Лентаи хабарҳо
0