Рӯзи хоин сиёҳ аст: хонаводаи Турсунов дар бораи кушта шудани хиёнаткор Кузминов

© Foto / Акс аз бойгонии шахсии оилаи Хушбахт ТурсуновЛётчик Хушбахт Турсунов
Лётчик Хушбахт Турсунов - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.02.2024
Обуна шудан
Ба навиштаи расонаҳои испанӣ, ба бадани хиёнаткор Максим Кузминов 12 тир холӣ карда, сипас бо мошин сарашро зер кардаанд
ДУШАНБЕ, 20 фев – Sputnik. Халабони хиёнаткор Максим Кузминов, ки боиси марги Хушбахт Турсунов, халабони ҷавони тоҷик гардида буд, худ шармандавор кушта шуд.
Дар ин бора хонаводаи Турсунов, дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон изҳор дошта, гуфтанд, ки хабари кушта шудани халабони хиёнаткорро шаби гузашта аз расонаҳо хондаанд.
Кузминов, тобистони соли 2023 як чархболи низомиро ба нафъи Украина рабуда ва ҳамкорони худро ба дасти марг дода буд. Рӯзи 19 феврал расонаҳои испанӣ хабар доданд, ки ҷасади ӯро дар як вилои истиқоматияш пайдо карданд, ки бо12 зарби тир кушта шудааст.
Марворид Мадёрова, хоҳари Турсунов дар бораи кушта шудани Кузминов гуфт, ки ӯ ба сазои аъмолаш расид.
“Рӯзи хоин сиёҳ аст. Кузминов, ки дидаву дониста бародари ман ва дигар ҳамкорони худро фурӯхта буд, акнун шармандавор ба қатл расид” – гуфт, Мадёрова.
Халабони ҷавон Хушбахт Турсунов, ки аслан аз шаҳри Конибодом буд, моҳи августи соли 2023 кушта шуд.
Дар он рӯз ҳамкораш Кузминов, ки ба нафъи Украина кор мекард, чархболи Ми-8-ро дуздид. Дар дохили чархбол Турсунов бо ҳамроҳи боқимондаи ҳайат қарор дошт.
Знаете, каким он парнем был: семья о Хушбахте Турсунове и его любви к небу - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.10.2023
"Медонед, ӯ чӣ гуна ҷавон буд": оила дар бораи Хушбахт Турсунов ва меҳри ӯ ба осмон
Ҳавопаймо марзи Русияву Украинаро убур карда, дар вилояти Харков фуруд омад. Ҳайати халабонҳо ба ҷуз Кузминов таслим нашуданд, ки дар натиҷа аз ҷониби нерӯҳои украинӣ кушта шуданд.
Ҷасади ӯ ба зодгоҳаш интиқол ёфт ва он ҷо ба хок супурда шуд. Пас аз ин ба Хушбахт Турсунов унвони Қаҳрамони Русия дода шуд.
Ба рӯи Максим Кузминов 12 тир холӣ карда, сипас бо мошини зиреҳпуш сарашро зер кардаанд. Дар ин бора расонаҳои маҳаллӣ ба нақли шоҳидони ҳодиса хабар нашр кардаанд.
Лентаи хабарҳо
0