СПАД вазъи марзи Тоҷикистону Афғонистонро бодиққат назорат мекунад

© Sputnik / Амир ИсаевПограничники на таджикско-афганской границе
Пограничники на таджикско-афганской границе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.03.2024
Обуна шудан
Гузариши лоиҳа ба сатҳи Шӯрои доимии СПАД ба қабули қарор дар бораи тасвиби ниҳоӣ мусоидат хоҳад кард, гуфт Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон.
ДУШАНБЕ, 2 мар — Sputnik. Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ ба назорати ҷиддӣ дар марзи Тоҷикистону Афғонистон идома медиҳад.
Дар ин бора Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар додааст.
Гуфта мешавад, ки барномаи байнидавлатии Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ ҷиҳати таҳкими марз ниҳоӣ шуда, барои баррасӣ ба Шӯрои доимии ин иттиҳодия пешниҳод шудааст.
"Дар ин бора аз 27 феврал то 1 март дар Маскав ҷаласаи намояндагони вазорату идораҳои кишварҳои СПАД ва ҳамчунин аъзои гурӯҳи корӣ оид ба таҳияи тарҳи ин барнома баргузор шуд", — хабар додааст ВКХ.
Онҳо ҳамчунин қайд карданд, ки интиқоли ин лоиҳа ба сатҳи Шӯрои доимӣ барои қабули қарор дар бораи тасдиқи ниҳоӣ мусоидат хоҳад кард.
Шӯрои доимии СПАД аз намояндагони ваколатдори кишварҳои узви ин созмон иборат буда, ҳамкориҳои мутақобиларо дар давраи байни иҷлосияҳои Шӯрои СПАД, ки ба ҳайати он сарони давлатҳо шомил аст, ҳамоҳанг мекунад.
Флаги стран-участниц ОДКБ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.02.2024
Иштибоҳ карданд: коршиноси тоҷик дар бораи боздошти узвияти Арманистон дар СПАД гуфт
Қаблан Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон изҳор дошта буд, ки ҷумҳурӣ интизор дорад, ки ин барнома соли 2024 тасдиқ шавад.
Вай гуфт, ки дар ин бора ҳанӯз соли 2023 ба нақша гирифта шуда буд, аммо бо сабабҳои техникӣ ин раванд ба соли ҷорӣ мавқуф гузошта шуд.
Охири моҳи июни соли 2023 Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви СПАД дар бораи вазъи Афғонистон изҳорот қабул кард, ки дар он сарони ниҳодҳои дипломатии ин созмон омодагии худро барои расонидани кӯмак дар мубориза бо таҳдидҳои ношӣ аз Афғонистон ба амнияти минтақа тасдиқ карданд.
Лентаи хабарҳо
0